​Мизи гирд: Рушди туризм дар Тоҷикистон

Дирӯз бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо факултети геоэкология бахшида ба Рӯзи Конститутсия ва ҷамъбасти солҳои 2019-2021 – “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мизи мудаввар таҳти унвони “Ҳамкории фарҳанг ва сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва Британияи Кабир” (A partnership of culture and tourism in Tajikistan and Great Britain) ташкил ва баргузор гардид.

Сармуаллима Каримова Д. ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид. Сипас, магистрантони факултети геоэкология Анушервон Назаров дар мавзӯи “Маданияти Британияи Кабир”, Амриддин Мисиров дар мавзӯи “Рушди туризми муосир дар ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва донишҷӯёнШарипова Ганҷинадар мавзӯи "Рушди туризм дар Тоҷикистон" ва Қаюмова Оишадар мавзӯи “Таърихи вилояти Суғд” бо забони англисӣ маърӯза ироа намуданд.

Доир ба мавзӯҳои баррасишаванда миёни иштирокдорон музокирот сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ