​Мизи гирд: Нақши Пешвои миллат дар пойдории сулҳ ва ваҳдати миллӣ

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети математика мизи мудаввар бо иштироки васеи устодун донишҷӯён ва магистрантону докторантон ташкил ва баргузор гардид

Омӯзгор Комилова М.А. ба кори мизи гирд ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро бо барнома шинос намуд. Сипас, омӯзгор Бобоҷонова Д. дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар пойдории сулҳ ва ваҳдати миллӣ” маърӯза ироа намуд. Зикр гардид, бо запҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои миллат ба истиқлоли миллӣ, расидем ва ин саодати беназири кулли мардуми шарифи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар идома доир ба мавзӯи баррасишаванда миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар чорабинӣ донишҷӯён газетаҳои деворӣ ва муаррифиҳои худробахшида ба Рӯзи Президент пешкаш намуданд ва дар анҷоми барнома газетаи девории беҳтарин муайян гардид.

Лозим ба тазаккур аст, ки мизи гирд бо се забон гузаронида шуда, магистрантону донишҷӯён маҳорати забондонии худро дар сатҳи баланд нишон доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ