Мавқеи сози чанг дар таҳаввулоти мусикии миллӣ

Дар факултети санъати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» семинар–консерти сармуаллими кафедраи мусиқии суннатии тоҷик Музаффар Шамсиев тахти унвони «Мавқеи сози чанг дар таҳаввулоти мусикии миллӣ» баргузор гардид.

Дар семинар оид ба ҷойгоҳ ва мавқеи сози чанг дар фарҳанги мусиқии тоҷик, намояндагони мактабҳо ва идомадиҳандагони ин анъанаҳо сухан рафт. Зикр гашт, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфтани анъанаҳои беҳтарини мактабҳои иҷрогарӣ баёнгари пос доштани меъроси фарҳангии ниёгон мебошад.

Дар идома, аз тарафи Музаффар Шамсиев ва шогирдонаш барномаи ҷолиби ҳунарӣ манзур гашт, ки табъи ҳозиринро болида намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ