​Маърифати молиявии донишҷӯён боло меравад

Дар факултети иқтисодӣ конференсияи илмӣ-амалӣ ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии молиявӣ бо иштироки намояндагони ҶСП Бонки “Арванд” зери унвони «Баландбардории саводнокии молиявӣ ва аҳамияти он дар шароити ҷаҳони муосир» гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ устодон ва донишҷӯёни ихтисоси кори бонкӣ факултети иқтисодӣ ширкат варзиданд.

Ҳадафи гузаронидани чунин конференсия пайдо намудани маълумот оид ба беҳтар истифода бурдани маблағ, суратҳисоби бонкӣ, насб намудани ҳамёнҳо ва гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ унвон гардид.

Дар интиҳои чорабинӣ аз тарафи кормандони бонк бозиҳои интерактивӣ гузаронида шуда, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ