​Маҳфили навбатии “Фарҳанги оиладорӣ”

Маҳфили навбатии “Фарҳанги оиладорӣ” дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус баргузор гардид.

Маҳфилро роҳбари он дотсент Зулфия Раҷабова ифтитоҳ бахшида, ҳадафи ин иқдомро

Дар доираи маҳфил перомуни мавзуи “Омилҳои асосии устувории оила” маърӯза шунида шуд.

Сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ Ҳайитбоева Муқаддас сабабҳои пошхӯрии оилаҳоро шарҳ дода, роҳҳои устувор намудани муносибатҳои оилавиро таҳлил намуд.

Донишҷӯёни курси дуюми факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус дар идомаи маҳфил шеъру таронаҳо қироат намуда, суруд иҷро намуданд, ки ба маҳфил мазмуни бештар бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ