​Маҳфили илмии “Равоншиносони ҷавон”

Ин навбат маҳфили намунавии кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ ба мавзӯи “Муносибати байнишахсӣ дар оила” ва “Таъсири вайроншавии оила ба кӯдакон” бахшида шуд.

Дар доираи ин ташаббус ҳадаф ва мақсади маҳфил шарҳ дода шуда, перомуни мавзуъҳои меҳварӣ маърузаҳо ироа гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар кори маҳфил донишҷӯёни факултети математика ва санъати тасвирӣ ва технология ширкат намуда, дар бораи муносибати байнишахсӣ дар оила баромад ва ибрози назар намуданд.

Ҳамзамон, миёни иштирокчиёни маҳфил табодули афкор ва суолу ҷавоб сурат гирифт, ки ҷиҳати баррасии мавзуъ заминаи мусоид гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ