​Маҳфили илмии донишҷӯён: «Татбиқи ҳосила дар соҳаҳои гуногун»

Бо иқдоми кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ маҳфили илмии донишҷӯён баргузор гардид. Ин ташаббус дар доираи ҳафтаи илм ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ» роҳандозӣ гардид.

Дар маҳфил дар мавзуи «Татбиқи ҳосила дар соҳаҳои гуногун» маърӯза шунида шуда, доир ба татбиқи ҳосила дар соҳаи физика, химия, биология, иқтисодиёт бо мисолҳои мушаххас маълумоти мухтасар дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ