​Маҳфил: Файласуфи ҷавон

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа, таҳти роҳбарии сармуаллима Дилафрӯз Ботурова маҳфили “Файласуфи ҷавон” баргузор гардид.

Дар маҳфил донишҷӯён перомуни мавзуъҳои “Саҳми А.Розӣ дар рушди фалсафаи асримиёнагӣ”, “Таъсири ВАО ба ҷаҳонбинии ҷавонони Тоҷикистон” баромад карданд.

Ҳамчунин дар идома аз тарафи донишҷўён доир ба масъалаҳои инсонгароӣ ва садоқатмандӣ аз ғазалиёти шоирони классик шеърҳо қироат карда шуда, саҳначаи драмавӣ таҳти унвони “некӣ ва бадӣ” намоиш дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ