​Кӯрдилӣ аз беимонист!

Ҷомеаи башарӣ организми мураккабест, ки дар он вобаста ба хусусиятҳои ирсӣ, сатҳи фарҳангу дониш, тарбияи оилаву муҳити зист ва омилҳои дигар фардҳои дорои тафаккурҳои гуногун ташаккул меёбанд. Дар шабеҳи ҷараёни табиӣ, ки донае гар ба замини ҳосилхез афтод, ҳосили хубу босифат медиҳад, дигар дона бошад, вагарна неш диҳад ҳам наметавонад сабзид, ҷомеа низдорои фардҳои номукаммалу кӯрдил, пучмағзу бадтинат, каҷдилу чаласавод, бахилу ҳасудхӯр ва амсоли онҳо мебошад. Маҳз, нафарони ифротпешаи хоинони наҳзатӣ аз ҳамин тоифа ҳастанд.

Тӯдаи наҳзатиёни ватанфурӯш бо сардории Муҳиддин Кабирии мунофиқ дар фазои касифи Аврупо ғарқи бӯҳтону фитна, иғвову шаҳват, нафси бади маблағҳои ҳангуфт, касофати ҳамҷинсгароӣ ва балоҳои дигар гаштаанду ҳатто аз бӯйи гиребонашон бехабаранд. Ин шумқадамон симои инсонӣ дошта бошанд ҳам, хулқу атвор, кирдору рафторашон ҳайвонист. Зеро, онони анинони сиёсат ғайр азқонеъ гардонидани нафси бади худ бо маблағи хоҷагони ифротгаро арзиши дигареро пазируфта наметавонанд.

Ҳангоми боронидани санги маломат ба сӯйи макони аҷдодиашон ҳатто андеша намекунанд, ки дар хоки ин сарзамини биҳиштосо ҷасади волидону авлодашон хок шудаасту барои инсони солимақл мебояд макони муқаддас бошад. Гӯё наҳзатиёни палиди худозадаи кӯрнамак аз кадом сайёраи дигаре маҳз ба Замин омада бошанду чун баъзе растаниҳои ноҷинс аз ҳаво ғизо мегиранду реша надоранд. Дар асл Кабирию ҳаммаслакони чоплуси ӯ махлуқоте ҳастанд заминиву решаи худ бурида, сарсону муаллақ байни замину осмон қарор доранд! Зеро, онон на одамӣ ҳастанду на инсу ҷин, балки балозадагони олами инсонианд!?

Симои Кабирию думравони таамаллуқкораш дар назар афту башараи рӯбоҳи маккору айёрро мемонад. Вале, ботини онҳо аз ҳайвони номбурда зишттару сиёҳранг аст, ки аз он амалҳои қабеҳи номардиашон гувоҳӣ медиҳад. Ин ифротзадагони разилро мебояд пеш аз оғози сухангӯиву эътироз, эродҳои ба сӯи Ватани маҳбуби мо гиребони худ бӯй кунанду даркнамоянд, ки ягон заррае манфиат ба ҷомеа наовардаанду чени донаи арзан дар байни мардум қадре надоранд. Гарчанде, ки худро донову босавод меҳисобанд, дар аслгумроҳу балозадаи касиф ҳастанд ва мақсади нопокашон низ гумроҳ сохтани баъзе фардҳои зудбовару ба мушкилоти зиндагӣ рӯ ба рӯ гашта мебошад.

Аслан, ҷомеаи созандапешаю бунёдкори моро ба ин тоифаи палидони наҳзатӣ коре нест, зеро онҳо ба нерӯи муқовимат сарф кардаи мо намеарзанд. Аммо, ин касофатзадогон берун аз хоки кишвар майнаю тафаккури ҳазорон тоҷикони муҳоҷир, хусусан насли ҷавонро бо ғояҳои ифротӣ олуда сохтанианд. Бинобар ин, месазад, ки ҳар як фарди солимақлу баномуси ватандӯст бар зидди ин тӯдаи муғризони палиду разил муборизаи беамон барад. Вагарна, ба тақдири чандин нафар ҷавонони гумроҳшуда зомин хоҳад буд.

Собиров М.С.-дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ