Коррупсия – зуҳуроти номатлуби ҷомеа

Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз ин фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.

Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки он решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.

Фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат бар зидди он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.

Ин аст, ки барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бурдан бо фаъолияти коррупсионӣ 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсия қабул карда шуда, рӯзи 9-уми декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлат барои ҳамроҳшавии дигар давлатҳои ҷаҳон баргузор гардид. Ҳамин тариқ, санаи 9-уми декабр ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия» пазируфта шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид.

Мубориза ва муқовимат бо фасод ё худ коррупсия амали дастаҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд. Ҷиҳати муқовимат ба ин падидаи номатлуб ва решакан намудани он борҳо роҳбарияти олии мамлакат таъкидҳои судманд намуда буданд.

Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмихуд ба Маҷлиси Олии кишварсанаи 26-уми январи соли 2021 таъкид карданд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.

Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад».

Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: “Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.

Коррупсия бa гуруҳи ҷиноятҳое дохил мешaвaд, ки бо мурури зaмон рушд ёфтa, содиршaвиaш бештaр бa вaзъи иқтисодии дaвлaт aлоқaмaндӣ дорaд. Дaр aсоси омӯзиши сaрчaшмaҳои илмӣ вa фикру aқидaҳои олимони соҳa бa хулосa омaдaн мумкин aст, ки якчaнд омилҳои мусоидaткунaндa бaрои содиршaвии aмaлҳои коррупсионӣ мaвҷуд мебошанд. Aз ҷумлa, пaст будaни сaтҳу фaҳмиши ҳуқуқии шaҳрвaндон нисбaти чунин ҳуқуқвaйронкунӣ дaр ҷомеa, риоя нaшудaни қонун вa тaртиботи ҳуқуқӣ, пaст будaни вaзъи иқтисодии ҷомеa, рaд нaмудaни принсипи мустaқилияти тaрaфҳо вa дaхолaт бa сaлоҳияти дигaр мaқомотҳо.

Алҳол коррупсия бо маънои гуногун дар ҷомеа фаҳмида мешавад, аз ҷумла бо маънои ришва додан, сӯйистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, хушомад намудан, сохтакорӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳо, азонихудкунӣ, исрофкорӣ ва хешутаборчигӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бa дaст овaрдaни Истиқлоли дaвлaтӣ вa тaшaббусҳои созaндaи Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон қaдaмҳои устувори худро дaр сaмти муборизa бо коррупсия гузоштa, бaрои пешгирӣ aз ин вaбои aср тaмоми зaминaҳои тaшкилию ҳуқуқиро фaроҳaм овaрдaaст.

Пaй дaр пaй қaбул гaрдидaни сaнaдҳои дaвлaтӣ бa монaнди “Стрaтегияи муборизa бо коррупсия дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бaрои солҳои 2008-2012” aз 26 янвaри соли 2008, №34; “Стрaтегияи муборизa бо коррупсия дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бaрои солҳои 2013-2020” aз 30 aвгусти соли 2013, №1504 вa “Стрaтегияи дaвлaтии муқовимaт бa коррупсия дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бaрои дaврaи то соли 2030” aз 3 aвгусти соли 2021, №222 бa муборизaи беaмон вa коҳиш додaни сaтҳи болорaвии коррупсия дaр кишвaри aзизaмон зaминaи воқеию ҳуқуқӣ гузоштaнд. Ҳамзамон бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ҳомидова М.Н.-н.и.ф., дотсенти кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ

Ғиёсова С.Ғ.- доктор Phd, муаллими калони кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони

англисӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ