​Конференсияи илмӣ-анъанавӣ: муаллифони маърӯзаҳои беҳтарин муайян шуданд

Бахши аспирантон, докторантон (phd) ва магистрантони кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов баргузор гардид.

Дар доираи бахш 10 маърӯза шунида шуд. Аз ҷумла, доир ба мавзуъҳои “О некоторых оценках для эллиптических систем, обобщающих систему уравнениӣ Бицадзе”, “Муодилаҳои дифференсиалӣ бо коэффитсиентҳои тағйирёбанда ва намудҳои каноникии онҳо”, “Гуруҳҳои гузариш ва татбиқи он барои ёфтани ҳалли муодилаҳои дифференсиалӣ”, “Муодилаи интеграли ғалаёни дошта ва усули ҳалли он”, “Наздиккунии беҳтарини функсияҳо бо ёрии бисёраъзогиҳои ортогоналии классикӣ дар фазои Гилберт”, “Муодилаҳои дифференсиалии одии тартиби якум бо нуқтаи канории сингулярӣ. Масъалаҳои Кошӣ”, “Масъалаҳои канорӣ Риман-Гилберт барои функсияҳои умумикардашудаи аналитикӣ”, “Мавҷудияти ҳалли муодилаи дифференсиалӣ бо тағйирёбандаи комплексӣ” маърӯзаҳо ироа шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муаллифони маърӯзаҳои беҳтарин муайян шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ