​Конференсия: Махзани илму ирфон ва устодони пуркор

Дар толори калони раёсати донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Махзани илму ирфон ва устодони пуркор” бахшида ба 90 солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ҳаёт ва фаъолияти собиқадорони кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ, профессор Хайрулло Сабурӣ ҳамоишро ифтитоҳ намуда, афзуд, ки таҷлил гардидани 50-солагии фаъолияти ду омӯзгори собиқадори ин махзани илму маърифат Розия Ҳоҷимуротова ва Тоҷихон Ғиёсова дар остонаи ин ду ҷашни фархундаи донишгоҳ фоли нек арзёбӣ намуд.

Гуфта шуд, ки сиёсати маорифпарварона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ шароити муосид фароҳам оварда, дар сатҳи баланди давлатӣ барои ба ҳадафҳои ососӣ ноил гардидан тадбирҳои амалӣ андешида шуда, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун боргоҳи бонуфузи илму маърифат дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат тадбирҳои муҳимеро марҳила ба марҳила амалӣ намуда истодааст.

Аз ҷумла, барои омӯзиши забони русӣ нерӯи илмии донишгоҳ қавӣ буда, ҳамеша ба таври афзалиятнок аз он истифода карда мешавад.

Қайд гардид, ки соҳибҷашнон, устодони пуркору сертаҷриба бо нерӯи қавиву иродаи мустаҳкам минбаъд низ барои пешбурди илму маърифат ва раванди таълиму тарбия корҳои муҳиму арзишмандеро ба сомон расонида, саҳми хешро дар ин ҷода хоҳанд гузошт.

Сипас, декани факултети филологияи рус, дотсент Раъно Шаропова дар мавзуи “Аз таърихи муваффақиятҳо ва дастовардҳои факултет”, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ Матлуба Мирзохонова дар мавзуи“Устод ва раҳнамои насли наврас” (бахшида ба фаъолияти омӯзгории Ғиёсова Тоҷихон) ва Бималика Алиева таҳти унвони “Инсони бузургу нексиришт” (бахшида ба фаъолияти Розия Ҳоҷимуротова) баромад намуданд.

Дар интиҳои кори конференсия барқияҳои табрикотии хешону пайвандони ба унвони чорабинии имрӯза ворид гардида ироа гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ