Изҳороти устод Т.Каримов

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва обрӯю эътибори кишвари азизамондар арсаи байналмилалӣ сол аз сол баланд шуда, ба душманони миллати тоҷик немегузорад,ки ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ намоянд. Беасосӣ ва бардурӯғ будани изҳороти Кабири ва дигар намояндагони мухолифини тоҷикро, сафари Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, маросими қабули ӯ дар Конфедератсияи Шветсария ва Фаронса пурра тасдиқ намуданд. Бори дигар саркардагони ҳизби наҳзати ислом ва дигар ашхосони мухолифини ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноӯҳдабарои ва фитнагароии худро барои тамоми ҷаҳониённамоиш доданд. Ки ба онҳо ҳуқуқ додааст, ки аз номи миллат баромад карда , нисбати сарвари на танҳо Тоҷикистон, балки тоҷикони ҷаҳон суханҳои нопок ва низоовар баён намоянд Оё онҳо намедонанд, ки хилофи таълимоти исломи баромадаистодаанд, зеро, ки дурӯғгӯи,бадномкунӣ, фитнаю найрайнг ва дигар амалҳои ифротгарои,муқобили назарияҳои фалсафию ахлоқии дини мубини ислом аст. Президенти кишварамонбори дигар бо сафарумулоқотҳои худ бо сарони давлатҳои номбурда , бо ашхосони оддӣ ва соҳибкорони Швейтсария ва Фаронса обрӯю эътибори тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.Ӯ ҳамеша меҳмони олиқадр барои кишварҳои Аврупобуд , ҳаст ва дар оянда низ хоҳад монд. Ягон қуввае ва ёҷараёне нест, ки ба сиёсати гуманистонаи ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷии сарвари кишварамон мамониат расонанд. Чӣ хеле, ки аз гуфтушунидҳо бармеояд, созишномаҳои бисёре ба имзорасид ва онҳобарои рушди иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон имкониятҳои калонро фароҳам меоварад. Мумкин қадар Кабири ва пайравони ӯ он наворҳо , гуфтушунидҳо ва имзои созишномаҳоро тамошо намуда аз гуфтаҳои худ пушаймоншуда бошанд.

Т.Каримов.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ