​Иштироки устоди донишгоҳ дар конференсияи байналмилалӣ

Дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин конференсия байналмилалӣ зери унвони «Забони чинӣ барои башарият, оғоз барои оянда» доир гардид, ки дар он доктори илмҳои педагогӣ, профессор, директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогии назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобољон Гафуров Шавкат Шаропов иштирок ва маърӯза намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин тадбир бо мақсади рушди ояндаи ҳамкорињои илмӣ-инноватсионӣ инкишофи сифати таҳсилоти байналмилалии забони чинӣ ва равобити ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф Ҷумҳурии мардумии Чин ва Вазоратии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Гуфта шуд, ки дар конференсия мавзуҳои нақши забони чинӣ дар марҳалаи кунунии муносибатҳои сиёсї, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷаҳон, аҳамияти омӯзиши забони чинӣ ва забони чинӣ барои башарият, оғоз барои оянда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ