Истиқлолияти Ватан ба мо чӣ дод

9 сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон боз як давлати мустақил арзи вуҷуд кард, ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ чун Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шуд. Мусаллам аст, ки озодию истиқлолияти миллӣ барои ҳар як халқу миллат ба осонӣ ба даст намеояд,вале барои миллати тоҷик он ҳадяи Парвардигор аст.

Агарба вазъи феълии сайёра назарафканем,шоҳиди он мегардем, ки дар ҷаҳон ҳастанд халқу миллатҳое, ки солҳои тӯлонӣ дар орзуи ба даст овардани озодиву истиқлолияти миллӣбуда, муборизаҳои озодихоҳӣ мебаранд, ҷоннисорӣ мекунанд, аммо ба истиқлолият мушарраф намегарданд. Мисоли барҷастаи ин гуфтаҳо халқикурд аст, ки нуфусашон дар ҷаҳон беш аз 40 миллион нафар арзёбӣ гардида, Туркия, Эрон, Ироқ, Сурия ва боз дар дигар кишварҳои ҷаҳонумр ба сар мебаранд, вале соҳибистиқлол нестанд. Мардуми тоҷикимрӯз аз он шукргузорӣ мекунад, ки соҳиби давлати мустақил вадигар арзишҳои миллиидавлатдорианд ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон дар радифи давлатҳои соҳибистиқлол мақоми шоистасолорӣ касб намуда, Истиқлолиятидавлатии мамлакатамоназ ҷониби аксари давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣэътироф гардидааст. Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои СММ дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои ҷаҳон парафшонӣ менамояд. Истиқлолияти давлатӣ муқаддастарин неъмат буда, барои тоҷикон падидаи басо муборак ва ҳамеша қобили эҳтирому арҷгузорист.

Дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистондар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ хеле бузурганд. Тоҷикистон таҳти сарварииПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар миқёси ҷаҳон шуҳрати бештарро соҳиб гардад, зеро ҳар иқдому ташаббусмаҳз бо шарофати озодию мустақилияти ин миллат ва давлат, сулҳу субот ва оромӣ амалӣва татбиқ мегардад.

Мо ба Истиқлолият расидем, Истиқлолиятамонро эътироф карданд ва инак онро бояд чун гавҳараки чашм ҳимоят кунем. Рисолат,қарзи виҷдонӣ ва масъулияти мушкилнописанди мардумитоҷик имрӯз аз он иборат аст, ки мобояд ин неъмати бузург- истиқлолиятро ҳимоят ва ҳифозат намоем.

Мо бояд пайваста саъй намоем, кибо диди нав ва андешаи солимба тамоми рукнҳои муҳими давлату давлатдорӣ муносибат намоем. Дар ин маврид ҳеҷ як ҳаводиси таърих наметавонадба бузургии фарҳанг ва сармояи ин миллатандаке ҳам парешонӣ ворид сохта, истиқлолият ва ваҳдати моро рахна кунад.

Шарипова М.-дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ