​Истиқлол – ҷашни муқаддаси миллӣ

Дар факултетҳои филологияи тоҷик ва таърих ва ҳуқуқ бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа ба муносибати 31-умин солгарди истиқлоли давлатӣ чорабинӣ доир гардид.

Дар доираи ин иқдом аз ҷониби омӯзгорони кафедра перомуни дастовардҳои замониистиқлол, ҳифз ва ҳимояи истиқлоли давлатӣ, таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ маърӯзаҳо ироа карданд.

Таъкид гардид, ки Истиқлолият барои халқи тоҷик имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯён дар васфи истиқлол шеърҳо қироат гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ