​Истифода аз усулҳои муосири таълим дар дарс

Дар факултети физикаю техника бо ҷалби донишҷӯёни соли якум дарси кушоди сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ Раҳматуллоева Муқаддас гузаронида шуд.

Дарси кушод ба мавзӯи замони ояндаи номуайян- Future Indefinite Tense бахшида шуд.

Мақсад аз ташкили дарси кушод мустаҳкам кардани мавзӯи грамматикӣ, шиносоӣ бо калимаҳои нави дарс ва инкишоф додани нутқи донишҷӯён бо воситаи матн ва саволу ҷавоб унвон мешавад.

Дар дарс якчанд намуди усулҳои муосири таълим ба монанди усули интерактивӣ ва дидактикӣ истифода шуданд.

Ҳамзамон, дар дарс корҳои гурӯҳӣ, фронталӣ ва индувидуалӣ гузаронида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ