​Инъикоси масъалаҳои рушди сайёҳӣ дар Паёми Пешвои миллат

Дар факултети геоэеология ва туризм дар доираи ҳафтаи илм як қатор чорабиниҳо доир шуданд.

Аз ҷумла, дар мавзуи “Мавқеи иншоотҳои локалии партовобтозанамоӣ дар ҳифзи захираҳои об” ва “Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон: вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳифзи онҳо” мизи мудаввар, дар мавзуи “Технологияҳои муосири тоза кардани партовобҳо” ва “Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об” семинари илмӣ баргузор гардид.

Ҳамзамон, давоми ҳафтаи илм маҳфили илмии кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография таҳти унвони “Инъикоси масъалаҳои рушди сайёҳӣ дар Паёми Пешвои миллат” доир шуд.

Дар маҳфил роҳбарони ширкати сайёҳии “Ҷаҳонгард” ва “Сайри Бӯстон” ширкат намуданд.

Мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография дотсент Ғуфронов Дадохон маҳфилро ифтитоҳ намуда, ҳадаф аз ин иқдомро таҳкими ҳамкориҳои ҷонибҳо ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва маърифати донишҷӯён унвон намуд.

Роҳбари ширкати сайёҳии “Ҷаҳонгард” Ҳомидов Муродҷон дар мавзуи “Замина ва омилҳои инкишофи сайёҳии байналхалқӣ” ва оид ба “Минтақаҳои сайёҳӣ ва рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” роҳбари ширкати сайёҳии “Сайри Бӯстон” Иноятов Қаҳрамон маърӯза намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар идома дотсенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография Саидова Дилором Насимовна “Имкониятҳои сайёҳии вилояти Суғд: иқтидор ва рушд”-ро шарҳ дода, докторанти РhD Каримова Мадина перомуни “Дастовардҳои истиқлолият ва рушди сайёҳӣ” баромад намуд.

Масъулини факултет ва ширкатҳои сайёҳӣ ҷиҳати гузаронидани дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ дар ширкатҳои сайёҳӣ машварат намуда, баҳри таҳкими ҳамкориҳо изҳори омодагӣ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ