​Илтиҷои сагон!

Дар эҷодиёти даҳонии халқҳои ҷаҳон, одатан барои инъикоси баъзе хислатҳову хулқу атвори нафарони бадахлоқу манфур онҳоро ба баъзе ҳайвон шабеҳ медиҳанд. Масалан, фарди якравро ба маркаб, бефаросатро ба бақар, ҳилагарро ба рӯбоҳ,вафодорро ба саг, сиёҳдили қасоскорро ба мор ва ғайра қиёс намуда ботини ононро маҷозан таъкид менамоянд. Гарчанде, ки дар урфияти мардуми тоҷик ин муқоисаю шабоҳат хеле зиёд ба назар мерасанд, аниқ гардидааст, ки на ҳамеша шабоҳат ба намудҳои ҳайвонот наздик ба ҳақиқат асту наметавонад ҳамаи ҷанбаҳои нафари палиду разилро ифода карда бошад. Зеро, дар ботини бадахлоқу бадрафтори бадгӯ мумкин аст, ки ҳам хислатҳои мору саг, маркабу бақар, рӯбоҳу ҳайвоноти дигарро метавон мушоҳида намуд. Нафарони мансуб ба ин тоифа камшумор бошанд ҳам, дар ҷаҳолату касофат, сиёҳдиливу маккорӣ, найрангбозиву фитнагарӣ, иғвоангезивубӯҳтонбофӣ, сафсаттагӯиву фиребгарӣ, ҳилагариву палидӣ ва амалҳои дигари ғайриинсонӣ бемисланд.

Мисоли аёни тафсири нафарони бадсиришт метавон бидуни шубҳа тоифаи наҳзатиёни ифротгариро баён сохт, ки беш аз манфиятҳои номбурдашуда бадтинативу нопоканд. Зеро, дар саҳрои Аврупо бо маблағу садақаи куффор зиндагӣ доранду луқмаи ҳалоли заҳматқарининони макони зодаашонро маззамат кардаву санги маломат ҳаво медиҳанд. Дар асл, ин гумраҳони ниммурда лоиқи таваҷҷӯҳу эътибор, сарфи вақти пурқиммат нестанд. Вале, баҳри ҳифзи дастовардҳои миллии даврони соҳибистиқлолӣ месазад, ки ба ин тоифаи хиёнатпешаи ватангадо муқовимат карду чанде ҳарфро баён кард.

Ҳангоми мутоилаи ахбороти тоза дар шабакаҳои иҷтимоӣ соҳибватане бо завқи том ҳикояте ривоят намудааст, ки бардоштани хулосаи маънӣ бар дӯшу ҳаволаи виҷдони фарди солимандешу ватандӯст мебошад ва онро бо унвони “Қатъномаи саг” ном бурдааст. Баён менамояд, ки саг дар мамлакатҳои Аврупои касофатзада нафарони одамшакли хулқи ҳайвонии хиёнатпешаро дидаасту аккос задааст, ки “Эй хоинон! Номи мо, сагонро бар сари хоинони ватанфурӯш нагузорад. Чун, моёнро касе, ки луқмаи нон бидиҳад, ҳаргиз ва ҳеҷ вақт хиёнат нахоҳем кард. Тамоми умр пос хотири як луқмаи нон нигоҳ дорем ва вафодор хоҳем буд. Ҳатто, ӯро шинохтаву пояш нагазем. Аммо, хоинони наҳзатиён хуб медонанд, ки Ватан баробари Модар аст, арзиши эҳтиром ба онон нангу номусаст, валебоз хиёнат мекунанд. Санги маломат ба сӯи Ватан – Модар ҳаво медиҳанд. Бо номгузории хоинон “саг” ё “сагбаччагон” моро тавҳин накунед!” Ин аст, илтиҷоисагон аз узви ҷомеаи башарӣ, ки аз он ҳисси нафрату бадбинӣ ба наҳзатиён комилан аён аст. Наҳзатиёни бадбахт то андозае палиданд, ки дур нест рӯзе, ки ақрабу мор низ ба забон оянду аз наҳзатиён ҳазар доштанашонро изҳор намоянд.

Яқин аст, ки наҳзатиёни ифротӣ дар кадом кунҷи сайёра набошанд, душмани марзу буми ватанӣ, мардуми заҳматпешаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастанду тамғаи хоинӣ ҳатто бо хуни тан наметавонанд шуст. Зеро, олами ҳайвонот аз ин зоти нопок дар хашму ҳазар аст ва танҳо фарди беақли носолим аз наҳзатиёни палиди ифротгаро пайгирӣ хоҳад кард! Бинобар ин, аз мардуми кишвар, алалхусус насли ҷавон хоҳишмандам фирефтаи макру фиреб, найрангу ҳилаҳои наҳзатиёни шайтонсифат нашаванду қадршиноси арзишҳоимуқаддас – ватандӯстиву меҳанпарастӣ бошанд!

Собиров М.С. – дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ