Ифтихор, ки аз ин рӯз дорем

Бояд ҳамин рӯз-Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо 16 ноябр интизорӣ кашем. Бояд ҳар рӯз барои мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Зеро шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун қисми ҷудонашавандаи ҷамъияти сиёсӣ ва фарҳангии кишвар аст, ки дар афкори ҷамъиятии муосири тоҷик амиқ ҷой гирифтааст.
Ин ҳақиқат аст, вақте, ки Президент мегӯем шахсият ва симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши рӯ меояд. Оре, ин ҳақиқатест, ки дар дили миллионҳо сокини Тоҷикистон ҷо гирифтааст. Ва наметавон ин ҳақиқатро аз дили мардум бурун кард ба ҳеҷ қудрате. Ин муҳаббат аст, муҳаббати мардум бо Пешвои муаззамаш, бо Президенти маҳбубаш.
Ин ҳақиқатаст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолият ба вазифаи раиси Шӯрои Олӣ, Пешвои муаззам буд. Ва дар рӯзи аввали фаъолияташ гуфт: « Ман омодаам, барои ҷорӣ кардани сулҳу субот дар мамлакат ва баргардонидани гурезагон ба Ватан, ҳаёти худро зери хатар гузорам.».
Дар Муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 иброз дошт: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».
Суханрониҳои нахустинаш дар Иҷлосияи тақдирсоз, аз барқарории сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгардонии гурезаҳо ба Ватан буд, умеди халқро зинда кард ва шуълаи саодати рӯзгор дурахшон шуд. Месазад, ки на танҳо дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар арафаи ҷашну воқеаҳои таърихӣ, балки ҳамарӯза аз заҳмату ҷонфидоиҳои таърихии Пешвои муаззами миллат бо камоли эҳтиром ва қадрдониву шукргузорӣ ёдоварӣ намоем.
Ин ҳақиқатаст, охирон нафарони гуреза соли 2000-ум ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Дар умум ба Тоҷикистон 800 ҳазор гуреза баргардонида шуд. Ва ҳамаи онҳо бо манзили зист таъмин карда шуданд. Ҳеҷ кас дар дур аз Ватан-Тоҷикистони азиз намонд.
Агар он солҳоро ба ёд биёрем, Пешвои муаззами миллат дар рӯзи сеюми фаъолияташ бо гурӯҳҳои даргир вохӯрд, чун Пешвои муаззами ҳақиқӣ амал кард. Барои имзо расонидани Созишномаи сулҳ на дар ягон минтақаи амн, балки дар Афғонистони ҷангзада баргузор шуд, бо далерӣ ва мардонагӣ сафар кард.
Оре, ҷасорати бемисли Пешвои муаззами миллат имкон дод, ки ба яке аз мавзеъҳои бисёр ҳассоси Афғонистон - Хосдеҳ (10 - 11 декабри соли 1996) ҷиҳати мулоқот бо роҳбари мухолифини мусаллаҳи тоҷик сафар намоянд. Ин гуна шуҷоатмандиро Пешвои муаззами миллат, борҳо дар лаҳзаҳои ҳассос нишон дода, ба дили мардум роҳ ёфтанд. Барои истиқрори сулҳи деринтизор бо раҳнамоиву кӯшишу талошҳои пайгиронаи ин марди шарифу инсони наҷиб тайи се солу се моҳ - аз соли 1994 то 1997 бо мухолифин бисту як маротиба музокироту гуфтушуниди расмӣ баргузор намуданд, шахсан дар 7 музокирот ширкат варзиданд.
Шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд бо ифтихор гуфт: “Истиклолият ба Точикистон Эмомали Рахмонов-ин сиёсатмадори дараҷаи ҷахониро дод. Имруз ӯ машхуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст.”
Шоири халқии Доғистон, Расул Ҳамзатов соли 2003 ба корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баҳо дода буд: «Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд - Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад».
Таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки ҷойгоҳи шоистаи имрӯзи давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ ва зиндагии пурнишоти мардуми тоҷик ҳосили талошҳои бардавому хастанопазири Пешвои муаззами миллат аст. Зеро ҳанӯз аз хотираҳо зудуда нагаштааст, ки мо дар оғози истиқлолият ба чӣ рӯзҳое гирифтор будем. Бо дасисаи гурӯҳҳои манфиатдори дохилию хориҷӣ пояҳои давлати соҳибистиқлол зарба хӯрданд, аркони давлатдорӣ фалаҷ шуда, мардум сарсону овора гардид.
Бо амри тақдири наку дар чунин рӯзҳои сахту сангин сарвари дилсӯзу ғамхор Президенти маҳбуби кишвар сари қудрат омад ва ин доғ аз саҳифаи рӯзгори мардум бардошта шуд.
Президенти маҳбуби кишвар ҳамчун мунодии ваҳдати миллӣ, бақои миллат, Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшида, ба қаламрави саодат раҳнамун сохт.
Ин ҳақиқатаст, ки чанд бешарафе, хабисаке, палидаке, резахӯре, курнамаке саодати Тоҷикистони азизро намехоҳанд. Ин бешарафон гӯё “мухолифин”, гуё “оппозитсия” ҳастанд. Ин ҳақиқатаст, ки “онҳо” ҲЕҶ ҳастанд.
Ин ҳақиқатаст, ки Додоҷон Атоуллоев ҳақиқатро гуфт: “Оппозитсия ба Аврупо кӯч баст, аммо бо гуфти худаш “урупоӣ” нагашт. Ҳамоне, ки буд. Бо ҳамон ҷалу ҷул. Куртаю эзор нав шуду халос. Ҷойи шакаробу қурутобро шаурма гирифт.”.
Ин ҳақиқатаст, ки боз Додоҷон Атоуллоев гуфт, ҳақиқатро гуфт: “ Уштулуми мухолифини тоҷикро бинед. Раис: “Аз ман дипломатҳои аврупоӣ пурсиданд, иҷозат медиҳед, ки президенти шумо ба кишвари мо биёяд?” (Воҳимая бинед!!!)”
Ин ҳақиқатаст, ки ҳамин шабу рӯз дар саҳифаҳои иҷтимоии худ аз саодати мардуми шарифи Тоҷикистон, аз маҳбубияти мардуми шариф ба Президенти маҳбубашон ҳасад мебаранд.
Ин ҳақиқатаст, ки маҳбубияти Президенти маҳбуби мо ба дили садҳо, ҳазорҳо мардуми ҷаҳон роҳ ёфтааст. Президенти маҳбуби моро васф менамоянд, ситоиш менамоянд. Васф, ситоиш барои саодати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон. Ба ҳамин рӯзи саодат, моро Пешвои муаззам, Президенти маҳбубамон расонид. Сулҳро эҷод кард. Тоҷикистон гул кард, гул-гул шукуфт. Накҳати ин шукуфтанҳо ба гулбоғи амну субот расид.
Шафӣ Айёр, журналист ва таҳлилгари афғони муқими ИМА дар саҳифаи фейсбукии хеш чунин ҳақиқатеро навиштааст: «Ин марди шариф хушӣ эҷод карда, зебоӣ эҷод карда, фарҳанг кишт карда ва гулҳои рангини оромиву шодӣ аз ӯ сар зада ва Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми худ мерақсад, ки ин ҳаққи ӯст”,»
Адиб, сиёсатмадор, нависанда, журналист ва публитсисти рус Александр Проханов дар мақолаи хеш, ки таҳти унвони “Бунёди тамаддуни зеризаминӣ дар Тоҷикистон” нашр шуда буд, аз хизматҳои Пешвои миллати тоҷик баҳри ободии меҳанаш мисол оварда бо ҳақиқат навишт: “Президент Раҳмон - сарвари маънавӣ ва сиёсӣ, ки миёни сӯхторҳо, ҷанги шаҳрвандии бародаркуш тавлид шуд ва ин ҷангро қатъ карда, кишварро барои пора-пора кардан ба ифротиёни ақлбохта надодааст. Дар замони роҳбарии ӯ тирпаррониҳо қатъ шуданд. Ӯ ғолиби қасдгир нашуд, балки мардумро барои сохтани кишвари нав муттаҳид кард ва Душанберо ба шаҳри биноҳои тасхиркунанда, донишгоҳҳо ва осорхонаҳо табдил дод”.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ