Хуносоёни безот!?

Муҳаққиқони табиатшинос исбот намудаанд, ки дар олами мавҷудоти зинда, ғайр аз организмҳои наринаву модина ҷузъе аз организмҳо бо сабабҳои мухталифи ирсиву мутагенези генӣ хусусиятҳои ҷинсҳои нарина ва ҳам модинаро касб кардаанд, ки онҳоро бо истилоҳи гермофродит ё хуносо ифода менамоянд. Дар қатори дигар мавҷудоти зинда популятсияи инсонӣ низ аз ин ҷараён орӣ нест ва мисоли аёни онро дар мавҷудияти тӯдаи ЛГБТ – чиён метавон мушоҳида кард. Болоравии нуфузи ҳамҷинсгароён дар мамлакатҳои баъзе қитъаҳои олам мансуб ба он аст, ки баъзе хуносоён то сатҳи роҳбарияти давлат расидаанду ҳампешагони худро пайваста ҷонибдорӣ менамоянд. Хушбахтона, таҳқиқотҳонишон медиҳанд, ки хуносоён бо сабаби надоштани қобилиятӣ наслдиҳӣ афзоиш ёфта наметавонанд. Лекин, баъзе дастовардҳои соҳаи тиб имкон медиҳад, ки тавассути ҷарроҳӣ теъдоди ҳамҷинсгароён зиёд карда шавад. Мебояд хотиррасон кард, ки ҳамаи дину мазҳабҳои ҷаҳонӣ ҳамҷинсгароёнро маҳкум ва зуҳуроти ғайридинӣ мешуморанд. Мутаассифона, алҳол арзишҳои динӣ ва ҳам тамаддунӣ коста гардидаасту хуносоёни тобеъи нафси шайтонии шаҳвонӣ бештар шуда истодаанд ва мебояд ҳар фарди солимтану дорои ақлу тамиз ба ин ҷараён муқовимати шадид нишон диҳад.

Мисоли аёни наҳсу касофат, муғризу палид будани ҳамҷинсгароӣ ё хуносоӣ тӯдаи наҳзатиёни ифротзада мебошанд, ки дар саҳнаи Аврупо бо думҷунбонӣ ҷавлон зада истодаанд. Кабирии фосиқ бо симои иблисона, Иқболбии савдоии аблаҳ ва чоплусону думравони камшумори кӯтоҳандеш пайваста бо эҷоди фитнаву иғвоҳои нав машғуланд. Ҳатто аз ҳалоки магасе дар Тоҷикистон ҳангомаи оламгир бофтанианд. Беақлони наҳзатӣ, ки побанди нафси шайтонӣ ва мутеи хоҷагони аҷнабӣ ҳастанд, чун саги думбурида мехоҳанд вафодории худ исбот кунанд. Лекин, хоҷагони маблағгузорашон аллакай аз феълу хӯйи хоиниву ватанфурӯшии онҳо хулоса кардаанд, ки рӯзе мерасаду наҳзатиёни палид барои маблағ омодаанд пойи соҳибашон газида бошанд. Аз ин лиҳоз, хоҷагонашон ин сагони маркабфеълро дар масофаи муайян дуртар медоранд.

Ҳайратовар аст, ки тӯдаи муртадони наҳзатӣ аз зеҳну дониши худ лофи зиёд мезананду ақлашон намерасад, ки бенасиб аз муқаддасоти азалӣ – обу хок, ҳавои соф, табиати беҳамто ва фазои гуворои Ватан – Модар мондаанд. Шояд, сабаби ин ҳол дар он бошад, ки ботинаш пур аз сиёҳиву ғализӣ, майнаашон бо фитнабофиву иғвогарӣ пур шудаасту ба арзишҳои олии инсонӣ дар танашон ҷой намонда бошад?! Эҳтимол меравад, ки чунин ҳол ҳақиқат асту феълу атворашон муносиби хуносоӣ шудааст. Вагарна, аллакай аз бӯҳтону иғво, макру фиреб, иғвогарию палидкорӣ даст мекашиданду ба макони аслӣ бармегаштанд.

Ҷомеаи заҳматқарини зарофари кишвари соҳибистиқлоламон тӯдаи наҳзатиёни палид ва нафарони дигари ифротзадаро кайҳо боз аз қатори инсонҳо хати батлон кашидааст. Мардуми шарифи кишвар бо азми қавӣ сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии Ватани азизамонро ҷонибдорӣ намуда, тамоми нерӯи тавонои худ баҳри амну субот, созандагиву бунёдкорӣ равона кардаанд. Муқовимат бо наҳзатиёни палид лоиқи шаъну шарафи ҷомеаи мо набуда, беҳтар аст, ки бо заҳмати ободонии Ватан машғул бошем. Зеро, дар урфият омадааст, ки “саг меҷакаду корвон мегузарад” ё мақоли дигар таъкид менамояд, ки “аз хуносо набояд насл рӯяд”, яъне нобудияти наҳзатиёни худозадаи касиф дер намепояд.

Собиров М.С.-дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Абдухолиқзода М.А. – дотсент, декани факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ