​Хониши сиёсӣ: Ҳифзи арзишҳои миллӣ


Санаи 26-уми октябри соли ҷорӣ дар факултети “Психология ва таҳсилоти томактабӣ” бо иштироки васеи устодону донишҷӯён “Рӯзи хониши сиёсӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Аюбов Ҳаётулло дар мавзӯи “Дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуд. Номбурда перомуни ҳадафҳои стратегии мамлакат, бунёди ҷомеаи ҳуқуқбуёд, қабули Конститутсия, ки ҳастии миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ муайян мекунанд, ибрози назар намуд.

Дар баромадҳо доир ба сиёсати дурнигарона ва хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки омили асоси пешрафти тамоми рукнҳои давлату давлатдорӣ, асолати миллӣ, ваҳдату ягонагӣ мебошад, сухан рафт. Ҳамзамон қайд гардид, ки ин сиёсати хирадмандона сабаб гардид, ки ҷомеаи мо дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид шуд, ки ҷавонон фонди тиллоии давлату миллат ба шумор рафта, ин қишри фаъол барои пешрафти ҷомеа ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ