​Хардузди хартоз

Омӯзиши ҳуҷҷатҳои таърихӣ собит менамояд, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷонибаи байни давлатдорони расмӣ ва мухолифини худэътироф бозиҳои гуногуни сиёсӣ, кашмакашу талошҳои гуруҳиву шахсӣ хеле зиёд вуҷуд доштаанд. Натиҷаи ҳилаву найранги баъзе нафарон чӣ бор овардааст, барои худи онҳо ва ҳам аксарияти мутахассисон маълуму машҳур аст. Андешаи хоксоронаву далелноталаби худро нисбати баъзе фардҳои маккори манфиатҷӯро мехоҳам ифшо намоям, ки ба таҳқиқи ҳуҷҷатҳои расмӣ ва мушоҳидаву баёни шоҳидони воқеии беғараз асос ёфтааст.

Ҷараёни тӯлониву пуртаззоди гуфтушунидҳои ҷонибҳо давом меёфту дар паҳлӯи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ – роҳбари мухолифин нафари назарногир ба сифати қоғазбару биёр хизмат мекард, ки имрӯзҳо зери унвони Муҳиддин Кабирӣ баромад мекунад. Шоҳидон тасдиқ менамоянд, ки ин нафари тамаллуқкору тақаллубсози маккор дар ҷараёни муҳокима қариб сухане намегуфтаасту танҳо дар бари Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо қоғазбозӣ ва пичир – пучури пинҳонӣ банд будааст. Лекин, баъдан Кабирии муртадхари соҳибашро бо макру фиреб дуздидааст, яъне соҳиби мансаби роҳбари наҳзатиён гаштааст. Ҳол он, ки дар гуфтушунидҳои дуҷониба қадри донаи арза манзалате надошт, имрӯзҳо худро симои калидӣ дар ин вохӯриҳо метарошад.

Аҷоиботи кор дар он аст, ки даҳҳо нафар узви Комиссияи оштии миллӣ дар қайди ҳаёт мебошанду метавонанд мавқеи Кабириро рӯирост баён карда ӯро шармсори мардум кунанд. Вале садҳо афсӯс, ки Кабирии бешарми чармрӯ, аз ин ошкорбаёнӣ биме надорад, зеро аллакай шармандаи ду ҷаҳон шудаасту чуқуртар аз ҳоли ҳозира ба наҷосат ғӯттӣ зада натавонад. Эҳтимол меравад, ки Кабирии ҳилагари рубоҳмиҷоз хеле хуб дарк мекунад, ки дигар умеде ба авфи гуноҳҳояш надораду чун куффор минбаъд низ саропо гуноҳ содир мекунад.

Кабирии фосиқи бетамиз дар чорраҳаи зиндагӣ бо макру фиреб гӯё мақоме назди хоҷагони маблағгузори хориҷӣ ва думравони чоплусашро соҳиб шуда бошад? Дар асл ӯ нафари муртадаест, ки бо маккорӣ ва кӯмаки хоҷагони ифротзадааш соҳиби лақаби “роҳбари ҳизб” шудаасту барои наҳзатиёни хоини ватанфурӯш хардузди асил аст, ки алҳол бо хартозӣ машғул аст. Феълу хӯи ҳайвони зертозаш ба тинати Кабирӣ низ ҷойгузин гаштаву маркабсифатӣ, яъне пойфишориву якравии ӯро сабаб мебошад. Одатан, мукофоти хардузд сангборон кардани ӯ мебояд, вале аҷиб аст, ки наҳзатиёни палид санги маломат ба сӯи дигар ҳаво медиҳанд!?

Сабаби ин ҳолат дар беақливу набудани фаҳму фаросат дар наҳзатиён бошад ё Кабирӣ онҳоро афсун кардааст? Шояд бо ишваю нози Иқболбӣ чоплусонашро ҷалб кардааст? Аздусар ҳамаи наҳзатиёни палид саропо маркабсифатанду нашояд аз онон рафтору гуфтори хуберо интизор шуд! Бинобар ин, ҳар як фарди солимандешро зарур аст, ки бар наҳзатиёни хоини мазҳабфурӯш муқовимати шадид нишон диҳаду оламро аз хардузду хартозон пок созад!

Собиров М.С., - дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ