Ҳамдиливу ягонагӣ омили устувории амнияти миллӣ

Саидюнуси Истаравшанӣ, яке аз чеҳраҳои маъруфи сиёҳкунандаи номи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ва муборизи фаъоли иғвоандозанда байни мардуми тоҷик аст. Майдони муборизаҳои ин қабил макрангезон шабакаи интернет қарор дода шудааст. Аз мадди назари чунин афродон ягон қадами ҳукуматдорон дур намемонад. Зеро аз ҳар амалу кирдори роҳбарон бо сад фитнаву дасиса, бофтаву дуруғ, муболиғаҳои иғвоангезона месозанд. Аслан, Саидюнуси Истаравшанӣ чандон қалами тез надошта бошад ҳам, бештар бо паҳн кардани маводҳои дигарон, ки дар ниҳоди хеш ҳадафи паркондагии миллӣ, ташкили низоъ ва ноором сохтани фазои сиёсиро дорад, машғул аст. Аз ҷумла, навиштаҳои рўзноманигор Зафар Суфиро бештар ба таваҷҷуҳи хонандагон равона месозад. Таҳлили маводҳои ин ду афрод нишон медиҳад, ки бештар шикоят аз ВАО-и маҳдуд дар ҳудуди Тоҷикистон баҳс мекунад. Ин дар ҳолест, ки тамоми матлаби бофтаву бардуруғ, пучу бемаънои моҳирона сохтаашон бе ягон мушкилӣ дастраси хурду калон мегардад.

Масалан, дар маводи таҳти унвони «Маҳалгароӣ» ба сомонаи фейсбук чойдодаи Саидюнуси Истаравшанӣ бодиққатона назар андозем, маълум мешавад, ки ба матлаби мавриди таҳлил қарордодаашон худ эътимоди куллӣ надоранд. Боз дар бисёр маврид дар тақвияти фикрҳои хеш мақоли «То шамол нашавад шохи дарахт намеҷунбад»-ро истифода менамоянд. Ин магар далолат ба беасос будани суханояшон нест. Бо чунин далел ба он буҳтонҳое, ки дар ҳаққи ҳукуматдорон мезананд, иктифо кардан, аломати дар даст надоштани ягон асоси раднашаванда аст. Таваҷҷуҳ намоед, ки дар маводи номбурда омадааст: «Мегўянд, соҳиби он домоди калонии президент аст» кӣ мегўяд?, маълум нест, аммо мегуяндку ин кифоя аст барои паҳн кардани овозаҳо. Аҷиб он аст, ки худ мутмаин нестанд ва истифодаи калимаи «мегўянд» ҳангоми ошкор шудани нудурустии фикрашон шояд онҳоро аз ҷавобгарӣ дар назди хонанадагон озод намояд. Боз ҷои дигар зикр сохтааст: «Шояд имрўз расман ин маълумот инкор ва рад шавад…» яъне далолат ба нодурустии иттолоъ мекунад, шояд маълумоти мо воқеият набошад, аммо муҳим пайваста мафкураи мардум заҳроллуд шаваду дар дили онҳо ҳисси бадбинӣ нисбат ба ҳокимият бедор гардад.

Дар ибтидои он мавод маҳалгароӣ пурра зери мазаммат қарор дода шуда, онҳое, ки ба ин кор даст мезанад бо суханҳои дурушту қабеҳ дашном дода шудаанд. Поёнтар омадааст, «Дуввум ин, ки бояд таъкид кунам, ман даҳҳову садҳо дўсту бародар аз минтакаи Кулоб дорам» инҷо ҳам маълум нест, ки даҳҳо дўсту бародар дорад ё садҳо охир байни ин ададҳо фарқияти зиёд ҷой дорад. Муҳим ба хонанда расонад, ки пайравонаш зиёд аст. Бо ҳамин матлаб дар дил доштани хислати маҳалгароии хешро ифшо намуда сари мақсад омадааст: «Аксари мансабҳои калидӣ дар ноҳияи Исфараро зодагони минтақаҳои дигари кишвар ва асосан зодагони Хатлон соҳиб шудаанд»-ин магар маҳалгароӣ нест?Аз ин ҷо суоле ба миён меояд: ин маводро ки паҳн кардааст? Саидюнуси Истаравшанӣ. Яъне ў боз чунин вонамуд мекунад, ки гўё барои халқ талош додад, аммо ў барои худаш ин корро мекунад. Агар барои мардум мебуд, на аз Истаравшан, балки дилхоҳ минтақаи дигарро пуштибонӣ мекард. Умуман, ҳангоми мутолиаи мавод хонанада водор мегардад, ки бевосита ба зодгоҳи кадрҳои роҳбарикунандаи минтақаи хеш таваҷҷуҳ намояд ва дар дил хислати маҳалгароиро парвариш созад, ки моҳияти мақолаи нашршуда ҳам аз ҳамин иборат аст.

Аслан дар кишвари унитарӣ ва президентӣ шаҳрвандон ҳуқуқи дахолат кардан ба таъиноти кадрии ҳукуматӣ надоранд. Ин ба уҳдаи роҳбари давлат гузота шудааст, ки пурра мутобиқи Конститутсия мебошад. Аз ин лиҳоз, мо набояд фирефтаи иғвоангезон гардида, бар хилофи тақвияти ваҳдату ҳамдилӣ ба маҳалгароӣ пардозем. Маҳз ҳамдиливу ягонагӣ намегузорад, ки нохалафе таҳдид ба амнияти миллӣ карда бошад.

Изҳороти устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ