Гурӯҳи фурсатталаб аз ҳадафҳои нопоки худ ҳеҷ гоҳ даст намекашанд

7-уми июли соли 2019, дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 128 нафар маҳкумшуда (120 нафар мард ва 8 нафар зан) аз МИ 3/3, 3/5 ва МТ 9/2-и шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшани вилояти Суғд барои идомаи ҷазои ҷиноятӣ ба шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Ёвон дар 3 автомашинаи махсусгардонидашуда бояд интиқол дода шуд.

Қатораи автомашинаҳои мазкур бо роҳбаладии дастаи посбонон соати 12:45 аз шаҳри Хуҷанд ҳаракат карда, соати 18:20 ба шаҳри Душанбе расидааст.

Дар қисмати дуюми роҳ дар мавзеи Майхўраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад ноне (хлеб), ки бо худ ҳамчун дастовези муқаррарӣ доштааст, тибқи маъмул ба 16 нафар маҳбус тақсим кардааст. Баъди истифодаи он тақрибан бо гузашти ним соат бо 16 маҳбусе, ки дар бордони қисмати 2-юми автомашинаи таҳти рақами 024 ВА 01 буданд, ҳолати дилбеҳузўрӣ, сарчархзанӣ, қайкунӣ ба вуқўъ пайвастааст. Соати 18:20, вақте ки вориди муассисаи тафтишотии СРИҶҶ Вазорати адлия гардиданд, ҳолати истеъмолкардагони нони маҳбус бад шуд. Дар 16-тои онҳо ҳолати аз ҳушравӣ мушоҳида гардид. Соати 18:25 бригадаҳои махсуси ёрии таъҷилӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи тиб барои кўмаки аввалия вориди МТМН СРИҶҶ ВА ҶТ гардиданд.

Дар натиҷаи дидани чораҳои таъҷилӣ бо истифодаи кулли имконот, ба табибон муяссар шудааст, ки танҳо ҳаёти 2 нафар аз маҳбусон наҷот дода шавад. Мутаассифона, новобаста аз дидани чораҳои таъхирнопазири тиббӣ имкони наҷоти 14 нафар аз маҳбусон муяссар нагардид. Боқимонда 114 нафар маҳбус бе нишонаи осеби ҳолати ҷисмонӣ, тибқи таъинот дар муассисаҳои ислоҳии марбут ҷобаҷо шуданд.

Намояндагони ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ҳаракатҳои худро то ҳоло давом дода истодааст. Ин гурӯҳи фурсатталаб аз ҳадафҳои нопок, терроризм, таҳаммулнопазирии ақидавӣ ҳеҷ гоҳ даст намекашанд, ки исботи ин муносибати онҳо ба воқеаҳои дар боло мебошад. Баромадҳои онҳо он пур аз таҳқир ва мулоҳизаҳои туҳмат иборат аст. Зеро ин гурӯҳи хатарнок ҳар замон метавонад қиёфаи аслии хешро ба намоиш дарорад ва аз ҷониби дигар набояд ба суханбозиҳои сиёсии роҳбарони ин ҳизб, ки айни ҳол аз ҳуқуқи башар ҳарф мезананд ва ба амалкардҳои онҳо ҳамеша дар мухолифат қарор мегирад, зоҳирбинона назар афканд.

Ба онҳо чунин даъват мекунем: ба сармоягузории хоҷагони берунии худ маҳлиё нашавед, фазоро пур аз ақоиди ифротӣ намуда, мағзи садҳо нафаронро вайрон нагардонед. Тавассути расонаҳо афкори хурофотӣ ва тухматиро таблиғ нанамоед. Дар Аврупо панаҳ бурда, барои баъзе доираҳои манфиатдор хизмат накунед!

Дастовардҳои бесобиқаи давлату миллати тоҷик, ҷойгоҳи баланди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути шоҳкориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҳзатиёнро башиддат нороҳату асабонӣ кардааст. Қаламбадастони хоину беномус ба маҳзи ризоияти муассисонашон аз ҳеҷ дурӯғу туҳмат нисбат ба давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик парҳез намекунанд.

Аз ин рӯ, ҳар даъвое, ки ин гурӯҳи хоину беномус оид ба воқеаҳои давлати мо пеш меоварад, ҳарфи дурӯғе беш нест. Зеро ин ташкилоти террористӣ аз бунёдаш зиддимилливу хурофотзада буда, то кунун ҳеҷ амали хуберо ба манфиати давлату миллати тоҷик анҷом надодааст.

Оиди ҳодисаи заҳролудшавӣ, ки ба талаф ёфтани 14 нафар маҳбус оварда расонид, аз ҷониби Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, вобаста ба он гурўҳи махсуси тафтишотӣ таъсис дода шудааст.

Тафтишот оиди парвандаи мазкур таҳти назорати қатъии Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шудааст ва сабабҳои заҳролудшавии маҳбусонро мутахассисони тафтишоти муайян мекунанд, на аъзоёни ҲНИ.


Р.Усанов,

дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ