Гуфтаҳои Салимпур акси амалҳояш аст

Дар сомонаи Akhbor.com маводи шубҳаноку номӯътамад таҳти унвони «Ба номардиҳои мардон ман чи гӯям? Изхороти расмии сардабири «Ахбор»» Мирзои Салимпур аз чоп баромад.Изҳороти мазкур айнан ба изҳороти Алим Шерзамонов роҳбари Анчумани озодандешони тоҷик, ки моҳи ноябри соли 2015 таъсис ёфта буд, шабоҳат дорад. Аз ҷумла, дар изҳороти Салимпур омадааст: «Матбуот барои ҳамин аст, ки камбудиҳоро бигӯяд, ба тарафҳои гуногун - ҳам ба ҳукумат ва ҳам ба мухолифонаш ...минбар диҳад ва гуногунандеширо дар ҷомиа таъмин кунад. Сомонаи «Ахбор» ҳамин вазифаро анҷом медоду медиҳад ва хоҳад дод». «На сомонаи «Ахбор» ва на Мирзои Салимпур на аз Эрон, на аз Кабирӣ ва ҳамин тавр, на аз ҷониби ҳукумат ягон бор пул нагирифтаанду намегиранд. Ин хилофи арзишҳоест, ки сомонаи «Ахбор» ҳамчун як расонаи МУСТАҚИЛ, ХОЛИС ва БЕТАРАФ таъсис ёфтааст».

Анҷумани озодандешони тоҷик низ дар оғози фаъолияти хеш ҳамин гуна иброз медоштанд, ки ин созмони мардумӣ ва фаросиёсии ҳамаи тоҷикистониён ва тоҷикони бурунмарзӣ барои муттаҳидсозии тамоми тоҷикони дунё аст. Ҳатто мегуфтанд, ки бо ТЭТ ҲНИ ягон робита надоранд ва ҳатто ҷонибдорашон нестанд. Онҳо гуруҳи холису мустакил мебошанд. Ин то он даме буд, ки пайравонашон зиёд шавад. Баъдан суханони худро бозпас гирифта ба минбари ошкорои ТЭТ ҲНИ табдил доданд. Дар якҷоягӣ бо ҳамин гуруҳ як муттаҳидаро таҳти унвони Паймони миллии Тоҷикистон ташкил намуданд. Чунин амал далели он аст, ки Анҷумани озодандешони тоҷик аз ибтидо барои тарғиби ақидаҳои ТЭТ ҲНИ бунёд гардидааст.

Таҳлили маводҳои сомонаи «Ахбор» нишон дод, ки ба фаъолияти сомонаи Анҷумани озодандешони тоҷик хеле шабоҳат дорад. Дар он бештар маводҳои ҳимоякунандаи манфиатҳои хоинони миллат ҷой дода мешавад, ки далели возеҳи ҳадафҳои бунёдиашон аст. Мо на ба ин ва на ба он эътимод надорем. Бо вуҷуди аз холисӣ даъво карданашон фаъолияташон пурра акси гуфтаҳояшон аст. Вагарна сомонаи Ахбор ба манфиати ҷомеа хизмат мекард, на барои ҳимояи гуруҳи маҳдуди мафкурааш танг.

Изҳороти устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ