Глобуси таърихӣ

Дар доираи ҳафтаи илм дар факултети таърих ва ҳуқуқ бахшида ба 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии маҳфили илмии донишҷӯён дар назди кафедра “Глобуси таърихї” гузаронида шуд.

Дар доираи маҳфил аз ҷониби донишҷӯён як қатор маърӯзаҳо шунида шуд.

Аз ҷумла, донишҷӯи курси 3 Қодирова Моҳида дар мавзуи “Ҷанги Қрим ва ба имзо расидани сулҳи Париж” ва донишҷӯи курси 4 Абдуллоева Меҳрангез тањти унвони “Таъсисёбии давлати Югославия” баромад намуданд.

Суолу ҷавоб ва табодули афкор перомуни мавзуъҳои меҳварии маҳфил сурат гирифт.

Дар фарҷом декани факултет ва устодони кафедра ҷиҳати таъмини самаранокии кори маҳфил андешаву пешниҳодоти худро баён намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ