​Филологияи рус: аз олимпиада то семинари омӯзишӣ

Дар факултети филологияи рус давоми ҳафтаи гузашта як қатор чорабиниҳо баргузор гардиданд, ки дар он доираи васеи донишҷӯён иштирок намуданд.

Ин ташаббусҳо ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 90-умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуданд.

Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом давраи дуюми олимпиадаи фаннӣбо ташаббуси кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ аз фанни забони муосири рус доир шуд.

Ҳамзамон, бо иқдоми омӯзгорони кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ сармуаллима Набиҷонова Меҳрӣ ва сармуаллима Муҳидинова Гулчеҳра донишҷӯён аз осорхонаи донишгоҳ боздид намуданд.

Зимни ташриф мудири осорхона, номзади илмҳои таърих, дотсент Юлдошев Рустам ба донишҷӯён аз фаъолияти донишгоҳ тӯли 90 сол маълумот дод.

Дар идомаи чорабиниҳои факултет семинари омӯзишӣ ташкил гардида, дар доираи он дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ