Факултети молия ва иқтисодиёти бозор: Муқовимат бо амалҳои номатлуб

Санаи 11 декабри соли равон соати 14.00 дар аудиторияи № 409 факултети молия ва иқтисодиёти бозор дар мавзӯи «Муқовимат ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноӣ ба дастовардашуда, маблағгузории терроризм ва экстремизм» мизи мудаввар баргузор гардид.

Декани факултет, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қодиров А.Л. ба мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшида, иброз доштанд, ки дар замони муосир терроризм ва экстремизм, ҳамчун зуҳуроти номатлуб, дар шароити ҷаҳонишавӣ, реша ронида, шаклҳои трансмиллӣ ва глобалиро ба худ хос кардааст.

Маблағгузории терроризм ва экстремизм, тавассути интиқолҳои бонкӣ маъмул шуда, пешгирии он аз кормандони ташкилотҳои қарзӣ малака ва донишҳои нав, амиқ ва касбияти баландро тақозо дорад.

Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноӣ ба дастовардашуда, маблағгузории терроризм ва экстремизм» дар низоми бонкии кишвар мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.

Профессор Қодиров А.Л. қайд намуданд, ки бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон ва дастгирии Вазорати маориф ва илми ҶТ нахуст дар заминаи магистратураи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» дар равияи кори бонкӣ тахассусмандии «бехатарии молиявӣ» раванди таълим ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оғоз гардид.

Аз 15 нафар магистрантони қабулшуда, 10 нафарашон кормандони масъули шӯъбаҳои мониторинги молиявӣ ва комплайнси ташкилотҳои қарзӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ мебошанд.

Дар идома бо презентатсия оиди татбиқи муқовимат бар зидди қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноӣ ба дастовардашуда ва интиқоли он тавассути суратҳисобҳои бонкӣ, мутахассиси пешбари шӯъбаи мониторинги молиявӣ ва комплайнси «Имон Интернешнл» Муродов А. баромад карда, вазъи кунунии татбиқи қонуни мазкурро дар ташкилоти «Имон Интернешнл» баён намуданд.

Риштаи суханро мутахассис оиди рушди кормандони Раёсати захираҳои меҳнатии «Имон Интернешнл» Ғаниева М. гирифта оиди масъалаи зерин фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Дар идома дотсенти кафедраи молия ва қарз Сиддиқов Н.С. дар бобати ҷараёни раванди таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ин самт маърӯзаи пурмӯҳтаво намуданд.

Дар музокира омӯзгорон, магистрантон, донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд.

Дар ҷамъбаст декани факултет профессор Қодиров А.Л. мизи мудавварро мусбӣ арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар оянда чунин чорабиниҳо зиёд шаванд, чунки чунин маҳфилҳо дар ташаккулёбии тафаккури нави молиявӣ ва амиқ шудани донишҳои муҳассилин саҳми босазо гузошта, самараи нек меорад. Донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавонро барои ҳаллу фасли муаммоҳои муосири низоми бонкӣ, хусусиятҳои нави муносибатҳои асъорӣ-қарзӣ ва хатару таҳдидҳои глобалӣ омода менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ