Факултети геоэкология: Саноатикунонии Тоҷикистон ҳадафи стратегӣ дар Паёми Пешвои миллат

Санаи 14–уми феврали соли равон бо ташаббуси кафедраи геоэкология ва методикаи таълими факултети геоэкология конфронси илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Саноатикунонии Тоҷикистон ҳадафи стратегӣ дар Паёми Пешвои миллат» дар толори факултет ташкил ва баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур профессори кафедраи таърихи Ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқ Ваҳҳоб Набиев., муовини раиси ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Баротова М.Д. ва омӯзгорони факултет ширкат варзиданд.

Конфронси имрӯзаро муовини декан оид ба корҳои таълим дотсент Дилором Саидова ҳусни оғоз бахшида, ҳалли масъалаҳои инкишофи инфрасохтори деҳот ва рушди соҳаҳои саноати мамлакат ва Паём - раҳнамои фардои неки мо таъкид сохтанд.

Тибқи барномаи конфронс мудири кафедраи геоэкология ва методикаи таълим, дотсент Додахон Ғуфронов дар мавзӯи «Саноаткунонӣ - ҳадафи стратегии Паём» гузориш дода, қайд намуд, ки бо мақсади вусъат бахшидан ва инкишофи инфрасохтори деҳот ва рушди соҳаҳои саноатии мамлакат Пешвои муаззами миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад ва ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёди таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад”, ки саноати сайёҳӣ ин маҷмӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои истеҳсолоти моддӣ ва соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ буда, таъмини истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истифодаи хадамоти сайёҳӣ, аз худ кардани истифодаи захираҳои сайёҳӣ ва ташаккули базаи моддӣ техникиро ба роҳ мемонад.

Конфронсро бо мавзӯи «Паём - қутбнамои миллат», профессор Ваҳҳоб Набиев идома дода, таъкид намуданд, ки Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Конфронсро муовини декан оид ба корҳои таълим дотсент Дилором Саидова ҳусни анҷоб бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ