​Файласуфи ҷавон

Нишасти навбатии маҳфили “Файласуфи ҷавон” –и назди кафедраи умимидонишгоҳии фалсафа доир гардид. Дар доираи маҳфил ин дафъа миёни иштирокчиён ҷиҳати пешбарӣ намудани донишҷӯёни лаёқатманд ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ озмун гузаронида шуд.

Бо донишҷӯён аз ҷониби устодони кафедра суолҳо пешниҳод шуда, беҳтаринҳо муайян шуданд.

Дар натиҷа, ду нафар донишҷӯён аз факултетҳои таърих ва ҳуқуқ ва математика ғолиб дониста шуда, ҷиҳати иштирок дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ