​Донишҷӯён барои маърӯзаҳои беҳтарин ғолиб дониста шуданд

Бахши донишҷӯёни конференсияи илмӣ – анъанавӣ дар кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ баргузор гардид. Мувофиқи барнома 20 нафар донишҷӯён бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.

Барои маърӯзаи беҳтарин таҳти унвони “Фарҳанги Мисри қадим”ҷои якум насиби донишҷӯи курси якум Шарипова Иродахон гардид.

Ҳамзамон, маърӯзаҳо дар мавзуи “Фалсафаи ҷаҳонсозиву инсонсозии Наврӯз” ва ”Фарҳанги замони Эҳё дар Аврупо” беҳтарин дониста шуда, муаллифон сазовори мақоми намоён гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ