ДДХ: Қайди 2 427 гирандаи стипендия дар соли хониши ҷорӣ

Дар соли таҳсили 2018-2019, дар Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" 2 гирандаи стипендияи президентӣ, 36 гирандаи стипендияи Раиси вилоят, 79 аспирант,58 магистрант ва 2273 донишҷӯ, дар маҷмӯъ, 2389 гирандаи стипендияи донишгоҳӣ ба қайд гирифта шудааст.

Агар дар соли хониши 2016-2017 67 донишҷӯёну магистрантон Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо шаҳодатномаи аъло хатм карда бошанд, ин нишондод дар соли хониши 2017-2018 106 ададро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давра 39 адад зиёд гардидааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки айни ҳол 1058 донишҷӯ бо баҳои аъло ва 1294 нафар бо баҳои хубу аъло дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ