​Дарсҳои кушоду намунавии таҷрибаомӯзони факултети филология рус

Донишҷӯёни курси сеюми шуъбаи рӯзонаифакултети филологияи рус ихтисоси “забон ва адабиёти рус”, “забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Хуҷанд ва Гимназияи «Паймон», Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия – Тоҷикистон “Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида” таҷрибаомӯзии худро идома дода истодаанд.

Дар доираи ин раванд донишҷӯён дар дарсҳои омӯзгорони собиқадор иштирок намуда, маҳорати педагогии худро такмил дода, ҳамзамон, машғулиятҳзои мустақилонаи худро баргузор намуда, донишҳои назариашонро дар амал татбиқ намуда истодаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки таҷрибаомӯзон дарсҳои кушоду намунаии худро таҳти роҳбарии устодон баргузор намуда истодаанд, ки дар он роҳбарони методӣ, педагогӣ, психологӣ, декани факултети филологияи рус, муовинони деканоид ба таълиму тарбия, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус ташриф оварда, баҳогузорӣ намудаанд.

Гуфта шуд, ки дарсҳои кушоди намунавӣ аз тарафи таҷрибаомӯзони хеле хуб ва бо истифодаи усулҳои фаъоли таълим,ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гузаронида шуд. Ҳамзамон таҷрибаомузон дар ҷараёни дарс аз аёниятҳои гуногун, овеза, варақа, красворд, воситаҳои техникӣ, методҳои муосири таълим ва салоҳиятноки “Блист-пурсиш”,“Пурсиши занҷирӣ”, “Синквейн” ва “Чархи ақидаҳо” фаровон истифода намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ