​Дарси кушоди таҷрибаомӯзон

Донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси физика дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и шаҳри Хуҷанд таҷрибаомӯзӣ доранд.

Дар доираи ин раванд донишҷӯён дар дарсҳои омӯзгорони собиқадор иштирок намуда, маҳорати педагогии худро таҳким мебахшанд.

Ҳамзамон, таҷрибаомӯзон мустақилона дарс гузашта, донишҳои назарии худро дар амал татбиқ намуда истодаанд.

Аз ҷумла, дар мавзуи “Спектр. Тасаввурот дар бораи нурҳои инфрасурх ва ултрабунафш” дарси кушоди намунавии таҷрибаомӯзон доир гардид.

Дар дарс аёниятҳои гуногун, овеза, варақа, красворд, воситаҳои техникӣ, проектор ва компютер ба кор бурда шуд. Барои намоиш додани хосиятҳои рӯшноӣ донишҷӯён аз спектр аз призмаи шишагин, спектроскоп ва манбаи рӯшноӣ истифода бурданд.

Методҳои гуногуни салоҳиятноки “Блист-пурсиш”,“Пурсиши занҷирӣ”, “Синквейн” ва “Чархи ақидаҳо” сифати дарсро таъмин намуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар дарси кушод намоянда аз шуъбаи таҷрибаомӯзӣ, декани факултети физикаю техника, мудир ва омӯзгорони кафедра ширкат намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ