​Дарси кушод: Ҷумлаҳои соддаи яктаркиба

Бо ташаббуси омӯзгори ҷавони кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ Дӯсматова Заррина аз фанни забони муосири рус (синтаксис) дарси кушод гузаронида шуд.

Дар дарси мазкур намояндаи шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, декани факултет ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси мазкур бо ҷалби донишҷӯёни соли чорум гузаронида шуда, ба мавзӯи “Односоставные предложения” (Ҷумлаҳои соддаи яктаркиба) бахшида шуд.

Барои ҷалб намудани диққати донишҷӯён ва шавқовар гузаронидани дарс усулҳои муосири интерактивӣ истифода бурда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ