​Дарси кушод: Кор бо матни “Molds and Mildew”

Бо донишҷӯёни курси аввали ихтисоси биология дарси кушоди ассистенти кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ Охунова гузаронида шуд.

Мавзуи дарс “Кор бо матни “Molds and Mildew” унвон шуда, дарс аз мақсадҳои таълимӣ ва тарбиявӣ иборат буд.

Таъкид гардид, ки мақсади таълимии дарс ташаккул ва ғанигардонии фонди луғавӣ тавассути матни тахассусӣ, инкишоф додани нутқи шифоҳии донишҷӯён бо воситаи матни тахассусӣ ва мустаҳкамкунии малакаи грамматикӣ ба воситаи матн маҳсуб меёбад.

Омӯзгор дар дарс аз маводи таълимӣ аз қабили дастури таълимӣ, силлабус, тахтаи синфӣ, проектор, ноутбук, варақаҳои дастисохт, расмҳо васеъ истифода бурд.

Дар дарс якчанд намуди усулҳои муосири таълим, ба монанди усули интерактивӣ, дастрасӣ, дидактикӣ ба назар расиданд.

Донишҷӯён фаъолона аз иҷрои хондан ва тарҷумаи матн, саволу ҷавоб бо забони англисӣ, иҷрои машқҳои додашуда доир ба матни тахассусӣ баромаданд.

Дар дарс корҳои гурӯҳӣ, фронталӣ ва индувидуалӣ гузаронида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ