​Дарси кушод: Истифодаи усулҳои фаъоли таълим

Дар факултети биология ва химия, дарси кушоди дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ Муқаддас Раҳматуллоева бо иштироки васеи устодон гузаронида шуд.

Муаллим бо омодагии хуб ба машғулият ворид гардида, моҳият, мазмун ва мундариҷаи мавзӯи “Geography”-ро амалан ба донишҷӯён ошно сохт. Ҳамчунин дар раванди машғулият доири мавзӯи баррасишаванда машғулиятҳои амалӣ гузаронида шуда, бо истифода аз аёниятҳо ва слайдҳои ҷолиб ба восита нурафшон бо таҳлилҳои ҳамаҷониба ба донишҷӯён фаҳмонда шуд.

Бояд гуфт, ки дотсент Муқаддас Раҳматуллоева ҳангоми гузаронидани машғулият аз усулҳои интерактивӣ ва коммуникативӣ васеъ истифода намуда, машқҳои истифодашуда фаъолияти андешаронӣ ва муоширати донишҷӯёнро талаб мекард, ки он самаранок иҷро шуд.

Дар раванди дарс донишҷӯён фаъолонокии худро нишон дода, аз ӯҳдаи хондану тарҷумаи матн, саволу ҷавоб бо забони англисӣ, иҷрои машқҳо доири матни “Geography” хуб баромаданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ