​Дарси кушод: интеграли муайян ва хосиятҳои он

Дар донишгоҳ бо мақсади татбиқи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мунтазам дарсҳои кушоду намунавӣ баргузор мегардад.

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ барои донишҷӯёни ихтисосикибернетикаи иқтисодӣ, дарси кушоди лексионӣ (назариявӣ)аз тарафи номзади илмҳои математика ва физика, дотсент С.Муҳсинова аз фанни математика дар мавзуи «Интеграли муайян ва хосиятҳои он» гузаронида шуд.

Дар ҷараёни дарс мафҳуми интеграли муайян, хосиятҳои асосии интеграли муайян, формулаи Нютон -Лейбнитс, усулҳои гузориш ва қисм ба қисм интегронии интеграли муайян асоснок карда шуда, як қатор мисолҳое, ки доир ба ихтисос оварда шуда буданд, ҳал карда шуданд. Ҳамчунин омӯзгор оид ба санаҳои математикии таърихӣбо донишҷӯёнсуолҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифт.

Гуфта шуд, ки машғулият аз ҷиҳати методӣ дуруст ташкил карда шуда, омӯзгору шогирдон ба мақсади ниҳоии худ расиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ