​“Дар суҳбати соҳибдилон”: назаре ба фаъолияти самараноки Умеда Ғаффорова

Нишасти навбатии маҳфили “Дар суҳбати соҳибдилон” ба 40-умин солгарди фаъолияти илмӣ-педагогии доктори илмҳои филологӣ, профессор Умеда Ғаффорова бахшида шуд. Маҳфили мазкур дар арафаи Рӯзи илми тоҷик дар факултети забонҳои шарқ баргузор гардида, устодону шогирдон, дӯстону пайвандони соҳибҷашнро сарҷамъ намуд.

Эҳсонзода Малоҳат, декани факултет табрикоти ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Исломро ироа намуд.

Саҳму хидматҳои профессор Умеда Ғаффорова дар таъмини рушди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар донишгоҳ, тарбияи кадрҳои лаёқатманд ва баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он зимни суханронӣ ва маърӯзаҳои устодон таъкид ёфтанд.

Зикр гардид, ки профессор Умеда Ғаффорова муаллифи 3 монография, 1 маҷмуаи мақолот, 8 дастури таълимӣ-методӣ ва беш аз 300 мақолаи илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба масоили шарқшиносӣ, робитаҳои адабиву фарҳангии Арабу Аҷам буда, дар рушди ховаршиносии тоҷик саҳми шоиста гузоштааст.

Гуфта шуд, ки рисолаҳои “Арабское красноречие (хутба) в ранние века ислама” (1995), “Қиссаҳои қуръонӣ дар “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ”(2004), “Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ ва муколамаи фарҳангҳо” “Робитаҳои адабии Арабу Аҷам” (маҷмӯаи мақолаҳо), (2015), “Муқаддимаи филологияи араб”, “Инкишофи нутқи шифоҳии араб” (2004, ҳаммуаллиф), ва ғайра аз корҳои арзишманду мондагори мавсуф буда, ҳамзамон профессор Умеда Ғаффорова дар таҳияи “Девони Махфӣ” (1998), тарҷумаи китоби “Фозилони Хуҷанд”-и Райҳона Хотун (2000, дар ҳаммуаллифӣ бо З.Ғаффорова), тарҷумаи “Ахлоқи Носирӣ”-и Насируддини Тӯси ба забони тоҷикӣ бо ҳаммуаллифии академик Носирҷон Салимӣ (2009) ва ба забони русӣ “Насирова этика” (2014), тарҷумаи “Хатм-ул-авлиё” ва “Наводиру-л-усул”-Ҳаким Тирмизӣ аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ саҳми назаррас дорад.

Маврид ба зикр аст, ки мавсуф барои хидмати шоиста бо Ҷоизаи вилоятии адабии ба номи Маҳастӣ, медали «Хизмати шоиста», нишони “Аълочии маориф” ва нишони “Сухан” қадрдонӣ шудааст.

Дар фарҷом профессор Умеда Ғаффорова ҷиҳати ташкили маҳфил ва таваҷҷуҳ изҳори сипос намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ