​Чорабинӣ бо иқдоми таҷрибаомӯзон: “Ватанамро мепарастам”

Бо ташаббуси таҷрибаомӯзони курси сеюми ихтисоси таърих дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 таҳти унвони “Ватанамро мепарастам” конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гардид.

Дар доираи ин иқдом дар мавзуи “Артиши миллӣ ҳамчун ҳомии марзу бум ва амнияти давлат” маърӯза шунида шуда, аз ҷониби хонандагон саҳнаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд.

Чунин чорабиниро таҷрибаомӯзони курси чоруми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 ба роҳ монданд.

Ин чорабинӣ таҳти унвони “Хизмати Ватанро ба ҷо меорем” доир шуд.

Хонандагон дар мавзуи “Таърихи таъсисёбӣ ва рушди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ