​Боздиди сафири Олмон аз донишгоҳ

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Йорк Шуграф аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров боздид намуд.

Ҷаноби сафирро намояндаи шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва хориҷии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Салимова Зулфия ҳамроҳӣ намуд.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Давлатзода Рухсора меҳмононро дар факултети забонҳои хориҷӣ истиқбол намуданд.

Профессор Аюб Усмонзода зимни мулоқот дар бораи равандҳои фаъолияти донишгоҳ таъкид намуда, аз иқтидору натиҷаҳои фаъолияти кафедраи забони олмонӣ дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисос зикр намуд.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки дар доираи барномаҳои байналмилалии Иттиҳоди Аврупо аз қабили TEMPUS, ERASMUS + ва дигар барномаҳо донишгоҳ бо муассисаҳои олии бонуфузи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, махсусан Олмон ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ, таълимиву мубодилавии омӯзорону донишҷӯёнро хуб ба роҳ мондааст.

Гуфта шуд, ки донишгоҳ бо 5 муассисаи олии Олмон ҳамкориҳои дуҷонибаи судмандро ба роҳ монда, ҷиҳати ба имзо расонидани боз ду лоиҳаи шартномаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Фрайбург ва Кӯлни Олмон иқдом дорад.

Дар доираи мулоқот масоили табодули таҷрибаи омӯзгорон ва такмили ихтисос, бозомӯзиҳо, ташкили симпозиуму конфронсҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф барои пазироии самимӣ ва вохӯрии судманд изҳори сипос намуда, барои таҳкими ҳамкориҳо изҳори омодагӣ намуд.

Дар идома дар толори факултети забонҳои хориҷӣ бо омӯзгорони забони олмонии вилояти Суғд, намояндагони Институти Гётеи Тошкент, ДААД – и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва устодону донишҷӯёни факултет суҳбати самимиву озод сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ