Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад!

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки давлати модар тайи 27-соли соҳибстиқлолӣ рӯ ба рушд ниҳода, инкишофу тараққиёт дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба назар мерасанд. Аммо таассуфовар аст, кинафароне ҳам ҳастанд, ин тинҷиву ободии рӯзгор, ободиву пешрафти ҳаёти осоиштаи мардумро дида наметавонанд ва бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, соҳиби мансабу вазифаҳои давлатӣ гардида, ба мақсаду нияти нопоки худ ноил гарданд ва мардумро гумроҳ созанд. Онҳо собиқ раис ва як гурӯҳ фаъолону аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом , пайравони дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошанд, ки баъди шикаст хӯрдан дар рақобати сиёсӣ ва ба ниятҳои нопокашон нарасидан аз Ватан фирор намуда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд. Аз ҷумла, собиқ раиси ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш бо дастгирии хоҷагонашон дар хориҷа амалҳои разилонаю хоинонаашонро давом дода истодаанд ва мақсаду мароми ягонаашон ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон, халалдор сохтани раванди пешрафту инкишоф, ба кӯи гумроҳӣ бурдани мардум, ташкили табаддулот ва бо ҳар роҳу васила бадном намудани Ҳукумати қонунии кишвар аст. Маҳз бо ҳамин нияту нақшаҳои разилона онҳо муроҷиатномаҳо қабул менамоянд, дар васоити ахбори омма ҳар гуна изҳорот пахш мекунанд, намоишҳо ороста, аз поймол шудани ҳуқуқи инсон ва арзишҳои исломӣ дар Тоҷикистон ба ташкилотҳои ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ гузориш медиҳанд. Ҳатто дар хусуси таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои нав аз ҳисоби бадхоҳони миллат ва мухолифини дар хориҷа фирорибудаи Ҳукумати кунунӣ овозаҳо паҳн мекунанд ва даъватҳояшон ба хунрезиву ҷанг рӯирост садо медиҳад. Мо боварӣ ва итминони комил дорем, ки кирдорҳои разилонаи ин гуна хоинони ватан ҷомаи амал намепӯшанд, зеро халқи азияткашидаи тоҷик воқеаҳои мудҳишу ҳузнангези солҳои 90-умро аз хотир набаровардааст ва хоҳону орзуманди пойдории сулҳу ободиву осоиштагист.

Ризоева Р.Б., Ҷӯраева М.-муаллимоникафедраи назария ва методикаи забони модарии факултети педагогӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ