Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад намерасад!

Дар баромади охирини сохтакориву фаҳши худ, ки Муҳиддин Кабирӣ ба тариқи “Ютуб” ва “Фейсбук” паҳн кард маро хело ба ташвиш овард ва виҷдону номус водорам намуд, ки қалам ба даст гираму навишам.

Кабирӣ, кӣ аз дур истода аз сиёсату истиқлолият ҳарф мезанад, лекин дар муддати он чанд соле, кибо ҳизби террористиаш дар кишвар расман амал мекард, вакили мардуми буд, барои беҳбудии аҳолӣ заррае, ҳам хизмат накардааст. Баръакс ҳама ҷоро ғорат карду хӯрду хӯрду бурд. Бояд қайд кард, ки нафари мафкураи динӣ, ифроти ва террористӣ доштаҳеҷ гоҳ ба арзишҳои миллӣ, демократӣ намерасад майл ҳам надораду сарфаҳмҳам намеравад. Чуноне, ки Муҳиддин Кабириву пайравони наҳзатии вай. Хуб шуд, ки ҲНИбардошта шуд вагарна ин ҳизб ҳамаи мардҳоро се занаву чор зана мекардуаз дасти муллоён чандин ҳаёти духтаракон месӯхт. Ҳамаҷоро зӯроварӣ фаро мегирифт.

Вақте, ки шабакаҳои иҷтимоиро тамошо мекунем мебинем, ки дар як кишвар обхезӣ, дар дигаре оташзанӣ, дигареро ҷанҷолу гирдиҳамоиҳо фаро гирифтааст. Мақсади Муҳиддин Кабириву гурӯҳи №24 низ ноором кардани вазъияти кишвар мебошад. Вақте, ки вазъият ноором мешавад онҳо фурсатро ғанимат дониста ба ғоратгариву одамрабоӣ ва зӯроварӣ шурӯъ мекунанд. Аниқаш кордашон болои равған мешавад. Агар ҳамаи ҷиноятҳои содир кардаи ин ҳизбро номбар намоем шабу руз ҳам намерасад. Ҷиноятҳояшон чунон зиёд аст, ки ба гуфтан анҷом намеёбад. Вале ҳамаи он ҷиноятҳои содир кардаи онҳо паси пардаи хоҷагони хориҷа рӯйпӯш аст. Бас аст зӯровариву гапҳои дурӯғ “наздики Худованд бади нест фаромуш” магар шумоён инро намедонед. Хоинони аблаҳи дурӯя.

Аз гуфтаҳои болоӣ бармеояд, ки мардум ниёз ба ҲНИнадоранд. Чун мо медонем, ки ТЭТ ҲНИ барои расидан ба ҳадафҳои худ ба ҳама кор қодир аст. Аз ин лиҳоз мо бояд ба макру ҳилла ва гапҳои бофтаи онҳо дода нашавем. Худ ва наздиконамонро водор намоем, ки ба ҳаргуна овозаҳои бардурӯғ бовар накунанду асири ин хоинону ҷоҳилон нашаванд. Мо бояд шукри оромии кишвар ва хандаҳои беғаши кӯдакон ва дасти дуои модаронамонро кунему Ватанамонро ҳифз намоем.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ