​Аввал андеша…!

Муносибатҳои байнидавлатӣ масъалаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илму маориф, варзиш ва ҳоказоро дар бар мегиранд, ки мебояд ҳамеша мавриди назари давлатдорон бошад ва танҳо дар натиҷаи гуфтушунидҳои дуҷониба ё бисёрҷониба бо имзорасии шартномаҳои тарафайн танзим ва ҳаллу фасл хоҳанд гардид. Алалхусус, истифодаи ҳамгироёнаи захираҳои табиӣ барои мамлакатҳои ҳамҷавор адолату дӯстиро таҳкимбор менамояд. Мутаасифона, на ҳамеша дар сатҳи давлатдорони замони муосир муносибатҳои баробарарзиши байнидавлатӣ таваҷҷуҳи хосаро ишғол мекунад. Зеро, давлатдоронро низ таҷрибаю малака, фарҳангу дониш зарур аст, ки аҳамияти масъалаҳои ҷойдоштаро пурра дарк намоянд.

Захираҳои мавҷудаи оби сайёраи Замин, ки ҳамчун хуни организми Инсон ҳудуди маъмуриро намепазирад ва вобаста ба омилҳои табиӣ сарҳади давлатҳоро бе мамониат убур мекунад. Мувофиқи қонуниятҳои табиат обҳои ҷорӣ аз як макон ташаккул ёфта, макони дигареро мегузарад ва ниҳоят дар ҳудуди давлатҳои дигар ба баҳру уқёнусҳо мерезад. Давоми ҷараёни ҷоришавӣ ин захираҳои об аз ҷониби давлатҳо истифода мегардад, ки зарурати мувофиқоварии байнидавлатиро тақозо дорад. Дар акси ҳол, истифодаиғайриоқилонаю тақсимоти ноодилона боиси пайдошавии буҳронҳои экологӣ ва муноқишаҳову зиддиятҳо байни давлатҳо мегардад.

Дар радифи нуктаҳои зикрёфта метавон таъкид сохт, ки дар Осиёи Марказӣ тӯли даҳсолаҳо комиссияи байнидавлатӣ истифода ва тақсимоти захираҳои мавҷудаи обии минтақаро дар мувофиқа бо якдигар муайян менамоянду риояи ҳатми меъёрҳои шартномаи тарафайнро ҳатмӣ мешуморанд. Мақсади ягонаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Туркманистон таъмини истифодаи оқилонаи ҳамгироёнаи обҳои фаромарзӣ мебошад, ки баҳри пешгирии хушкшавии баҳри Арал равона гардидааст. Хушбахтона, Хазинаи таъсисёфтаи наҷоти баҳри Арал тӯли солҳои охир дар расидан ба мақсадҳои худ хеле муваффақ шудааст. Вале, то ҳанӯз аз ҷониби баъзе давлатҳои минтақа, аз ҷумла давлатдорони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар масъалаи истифодаи ҳамгироёнаи обҳои фаромарзӣ муносибатҳои судмандро роҳандозӣ накардаанд, ки оқибаташ ташвишовар боқӣ мемонад.

Ба сари қудрати давлатдорӣ омадани ҳаракати ифротии “Толибон” ва надоштани таҷрибаи кофии давлатдории онҳо ба он мусоидат намуд, ки бидуни мувофиқат бо давлатҳои ҳамҷавор Афғонистон ба сохмони канали Қуштеппа оғоз намуд, ки манбаи фаъолияти он ба гирифтани ҳаҷми бузурги оби Амударё ва интиқоли он барои обёрии киштзорҳои васеъ алоқаманд аст. Давлатдорони Афғонистон дар андешаи манфиатҳои худ шарту шароити ҳамсоядавлатҳоро аз эътибор соқит доштанд. Ҳол он, ки мамлакатҳои поёноби Амударё – Ӯзбекистону Қазоқистон баъди бунёди канали зикрёфта бо сабаби норасоии об зарари калони иқтисодӣ – иҷтимоӣ мекашанд.

Дар мадди аввал барои мамлакатҳои дар саргаҳи захираҳои об ҷойгирбуда – Тоҷикистону Қирғизистон аз бунёди канали Қуштеппа гӯё зараре намерасад. Зеро, тақсимоти оби дарёи Ому баъд аз ҷоришавӣ аз сарҳади ин давлатҳо амалӣ мешаваду ба таъминоти Тоҷикистону Қирғизистон бо об ҳеҷ робита надорад!? Аммо, назари чуқури таҳлилӣ исбот менамояд, ки ҳангоми танқисӣ кашидани Ӯзбекистону Қазоқистон аз таъминоти об онҳо маҷбур мешаванд, ки тамоми захираҳои мавҷудаи обро барои эҳтиёҷоти худ истифода баранд. Дар натиҷа ҷоришавии об ба баҳри Арал қатъ мегардаду хушкшавии он – буҳрони экологии минтақавӣ шадидтар ва ба офати экологӣ мубаддал мегардад. Оқибати хушкшавии пурраи баҳри Арал барои сайёра, хоса барои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳалокатбор аст. Зеро, ҳисоб карда шудааст, ки аз масоҳати хушкидаи баҳри Арал алҳол, ҳамасола то 70 миллион тонна заррачаҳои гарду ғубори шӯридошта ба ҳавои атмосфераи минтақа ворид ва ба саломатии аҳолӣ, сифати ғизо, ҳосилхезии заминҳои корам, таркиби обҳои ошомиданӣ ва ғайра таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳангоми бунёди каналу қатъ гардидани ҷоришавии об ба баҳри Арал ҷараёни таъсири манфӣ боз ҳам тезутундтар шуда метавонад раванди биёбоншавии заминҳои корами минтақаро тақвияти тоза диҳад. Ҷанбаи дигари таъсири сохтани канали зикргардида дар он аст, ки ҳангоми зарурати захираҳои об Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқистон аз Тоҷикистону Қирғизистон талаби оби иловагӣ мекунанд, ки ба захирашавии об дар обанборҳои сунъӣ, фаъолияти номунтазами неругоҳҳои барқи обӣ ва оқибатҳои дигар оварда мерасонад. Дар ин замина метавонад муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳо коҳиш ёфта зиддиятҳои аёну ноаён ба вуқӯъ пайванданд. Зеро, норасоии об ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатҳои ҳамҷавор таъсири беандозаи манфӣ расонида боиси хурӯҷу муҳоҷирати аҳолӣ, ошӯбу ғавғоҳои дохилӣ гардаду суботи давлатдориро халалдор созад. Эҳтимол меравад, ки зиддияту нофаҳмиҳои вобаста ба тақсимоти ноодилонаи обметавонад сабабгори муноқишаву ҷангҳои байнидавлатӣ гардад. Зеро, дар урфият омадааст, ки “гушна ба шер задааст”, яъне норасоии об боиси зиддиятҳое мешавад, ки ҳатто дар ҳолати нобаробариҳои неруҳои муқовимат ба амал меоянд.

Таҳлилу омӯзиши вазъи имрӯзаи афкори ҷомеа дар масъалаи тақсимоти одилонаи захираҳои об байни давлатҳои ҳамҷавор нишон медиҳанд, ки садҳо роҳи ҳаллу фасли андешаёнаи ин қазия вуҷуд дорад. Масалан, ба комиссияи мавҷудаи тақсимоти об ҳамроҳ гаштани давлатдорони Афғонистон роҳи осонтари ҳалли масъала аст. Вале, барои ин амалдавлатдорони узви ҳаракати Толибонро ақлу заковат, инсофу адолат ва хоҳиши том мебояд, ки то ҳануз дар онон ба мушоҳида намерасад. Одатан, имрӯзҳо аъзои ҳаракати Толибон дар миқёси ҷаҳон бо ноадолатӣ дар давлатдорӣ машҳур шудаанду кӯшиши эътидолсозии вазъ аз ҷониби онҳо зери шубҳа боқӣ мемонад. Бояд таъкид сохт, ки ҳамаи амалҳои ноодилона чӣ дар муносибат бо мардуми миллатҳои таҳҷоӣ, чӣ дар истифодаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла об, чӣ дар таъсиси ҳукумати фарогири ҳамаи қавлу миллат, табақаҳои ҷомеа ва амсоли онҳо ҳамчун бумеранги африкоӣ бозгашта метавонад зарба ба худи онҳо занад. Зеро, аксарияти амалҳои давлатдорони Афғонистон ба мафкураи сиёсатмадорӣ мувофиқ намеояд, шояд ба аҳкоми шариат ҳам хилофате дошта бошад.

Дар заминаи омӯзишу таҳлили иттилоотҳои дастрас, фикру андешаҳои баёнгардида собит менамоянд, ки ҳамаи давлатдории Осиёи Марказӣ дар тақсимоти захираҳои оби минтақа мебояд, роҳи дипломатиро интихоб намоянд. Ақлу хирад, адлу инсоф, покниятиву накӯандешӣ ва арзишҳои дигари башарӣ дар мадди аввал гузоранду ҳамаи мушкилотҳои ҷойдоштаро бо роҳи мусолиҳаи ҷонибҳо ҳал намоянд. Тантанаи адолат дар ин маврид ба манфиати тамоми мардуми минтақа ва заминаи пойдории сулҳу субот хоҳад гашт.

Собиров М.С. - дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”

Абдухолиқзода М.А. - дотсент, декани факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ