​Ҷараёни конференсияи илмӣ-анъанавии устодон ва олимони ҷавон

Дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ бахши устодон ва олимони ҷавони конференсияи илмӣ-анъанавӣ доир гардид.

Дар доираи ин бахш даҳ маърӯза аз ҷониби устодон ва олимони ҷавони кафедраҳои фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ва педагогию табиӣ-риёзӣ ироа гардид.

Аз ҷумла, мавзуъҳои “Нақши адабиёт дар тарбияи наврасону ҷавонон”, “Филиали кафедра-узви муҳими ҳамоҳангсозии фаъолияти таҳсилоти касбии омӯзгорони оянда”, “Фалсафаи оқибатҳои иҷтимоӣ дар ҷараёни компутеркунонии ҷомеа”, Баъземасъалаҳои қанорӣ барои муодилаҳои дифференсиалӣ бо коэффисентҳои сингулярӣ”, “Тадбиқи дронҳо дар истеҳсолоти кишоварзӣ”, “Муайян намудани салоҳиятҳо ва арзёбии онҳо дар раванди таълими фанни санъати тасвирӣ” ва “Хусусиятҳои сохторӣ вамаъноии низоми истилоҳоти сатҳи фонетикӣ-фонологӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ