​Андешаи оянда мебояд!

Дар замони муосир даст гирифтани лаҷоми давлатдорӣ осон намояд ҳам, таъмини рушди бонизоми давлат ҳунари на ҳар як сиёсатмадор ё гурӯҳи муайян аст. Беандешагиву ноӯҳдабароии роҳбарияти давлат суботу оромиши ҷомеъаро коҳиш медиҳад ва комилан боиси ноустувории давлатдорӣ ва зиддияту мухолифатҳо боҳамсоядавлатҳо мешавад. Зеро, ҳимояи манфиатҳои миллат ва ҳалли мушкилотҳои дохилидавлатӣ мебояд дар заминаи муросою мадоро ба мамлакатҳои ҳамсоя, дахлнопазирии манфиатҳои трансмиллӣсуръат гирад. Мутаасифона, на ҳамаи давлатдорон, алалхусус сиёсатмадорони навбаромади камтаҷриба қудрату тавоноии чунин андешарониҳоро доранд!?

Бунёди канали Қуштеппа бо гирифтани ҳаҷми бузурги оби Амударё барои обшор кардани заминҳои бекорхобида аз ҷониби давлатдорони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ҷумлаи амалҳои беандешона аст, ки алҳол Толибони сари қудрат роҳандозии онро пеша кардаанд.

Амударё - манбаи фаромарзии об мебошаду истифодаи захираҳои он мебояд дар ҳамкорӣ бо мамлакатҳои ҳамҷавор ҳаллу фасл мегардид. Вале худсарона бунёди канал оғоз ёфтаасту хатару таҳдиди муайян ба амнияти минтақа ба вуҷуд омадааст. Манфиатҳои мамлакатҳои ҳамсоя сарфи назар карда шудаанду дар вазъи имрузаи тағйирёбии иқлими сайёра, хушкшавии баҳри Арал, норасоии захираҳои об ин омил хеле хатаровар аст. Яқин аст, ки баҳодиҳӣ ё арзёбии иқтисодӣ- техникӣ ва экологии бунёди канали зикргардида бидуни назардошти манфиатҳои минтақавӣ тарҳрезӣ гаштаасту оқибатҳои ҳалокатбори ин амал аз андешаву мантиқ берун мондааст. Ҳол он, ки оқибати нохуши ин амал барои аҳолии ҳамаи Осиёи Марказӣ равшан аст.

Аслан, давлатдорони Афғонистонро мебоист дар тақсимоти одилонаизахираи оби дарёи Аму бо ҳамсоядавлатҳо гуфтушунид мекарданду баъдан ба таҳияи лоиҳа ва оғози сохтмон шурӯъ мекарданд. Лекин, ин андешаи ояндабинона аз эътибор берун мондааст. Бар замми он равона сохтани ҳаҷми бузурги об ва шодоб гардонидани масоҳати бузурги заминҳои нав ба муҳити табиии минтақа чӣ гуна таъсир меоварад, муайян карда нашудааст. Бинобар ин, амали мазкури ҳукуматдорони Толибон хиёнати рӯирост ба манфиатҳои фаромиллӣ мебошад ва фавран мебояд дар сари мизи гуфтушунид баррасӣ гардад. Дар акси ҳол, бо харҷи маблағҳоиазим барои минтақа манбаи офати экологӣ пайдо мегардад. Беҳтар аст, ки ин маблағҳо барои раҳоии мардуми оддии Афғонистон аз қашшоқиву бенавоӣ равона мешуданд.

Дар заминаи андешаҳои баёнгардида мутмаинам, ки сиёсатмадорони Толибонро Парвардигори мутаол адлу инсоф, ақлу хирад арзонӣ дораду андешаи ояндаи Осиёи Марказиро дар мадди аввали амал қарор диҳанд. Зеро мутафаккири бузург гуфтааст, ки “Табиатро мо на аз бобоён мерос гирифтаем, баръакс онро аз фарзандону наберагон дар амонат дорем”. Аз ин лиҳоз, андешаи фардои неки фаромиллӣ волотар аз арзишҳои дигар бояд бошад.

Собиров М. С. дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ