Амалҳои ғайриқонунии ТЭТ ҲНИ

Дар ҷомеа инсонҳое ёфт мешаванд, кибароирасидан ба манфиати худ аз ҳеҷ чизрӯ намегардонанд ва ба ҳама гуна равандҳо даст мезананд. Яке аз чунинравандҳои аср бешубҳа терроризму ифротгароӣ маҳсуб мешавад. Ин мафҳумҳо бо ҳамаи оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба муаммои глобалииинсоният дар асри XXI табдил ёфтааст. Дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро қонунҳои шариат меноманд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири сўистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ пайвастагӣ ба арзишҳои динӣ надорад. Пас, ин амалкарди ифротгароён аз бединию хиёнати онҳо дарак медиҳад. Ба мисоли ТЭТ ҲНИ, ки аз ақидаҳои нодуруст ва каҷ сарчашма гирифта, андешаҳои тундравона ва вайронкоронаро дар ҷомеа паҳн менамоянд. ТЭТ ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои ифротию экстремистӣ нияти халалдор намудан ба сиёсати дохилии кишвар дошта бо ин восита , тинҷию оромиро сарнагун кардан мехоҳанд. Ҳатто пешравиҳову дастовардҳои Тоҷикистонро, ки тайи ин ҳама солҳо ба даст омадааст, нодида мегиранд, ки инро мардуми мо хуб медонанд. Барои Кабирӣ ва пайравонаш муҳим он аст, ки бо ҳар васила фаъолияти ҳукумату давлати Тоҷикистони соҳибистиқлолро интиқод намояд, то ки муҳлати будубошашро дар кишварҳои Аврупо таъмин намояд.

Хушбахтона, қишри асосии ҷомеаи Тоҷикистонро ҷавонони ҳушёру босавод ташкил медиҳанд ва онҳо ақидаҳои ифротиву бадхоҳонаи ин ташкилотҳо ва дигар созмонҳои террористиро қабул надоранд. Мардуми мо ҳушёриву зиракиро аз даст надода, дар атрофи роҳбарияти кишвар муттаҳид гашта, саҳми худро дар ободиву созандагии Тоҷикистон мегузоранд.

Мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ