​Ҷаласаи ифтитоҳии озмуни умумидонишгоҳии “Муаллими сол-2024”

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи ифтитоҳии озмуни умумидонишгоҳии “Муаллими сол-2024” доир гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода таъкид дошт, ки ҳадаф аз озмуни мазкур омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ маҳсуб меёбад.

Зикр гардид, ки дар доираи озмун сифати дарс ва маводи таълимӣ – методӣ, дараҷаи маҳорату малакаи касбии омӯзгор, ташаккули қобилияти зеҳнӣ ва фаъолнокии донишҷӯён дар раванди дарс, сифати дарсҳои назарӣ, амалӣ ва муаррифии мавзуъҳо, дараҷаи забондонӣ, риояи меъёрҳои забони давлатӣ, муоширату тадрис бо забонҳои хориҷӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда, дар се сатҳ – кафедра, факултет, донишгоҳ ва дар ду равия: табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва равияи гуманитарӣ гузаронида мешавад.

Мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дотсент Дадобоева Нодирахон иштирокчиёнро бо фармоиши ректори донишгоҳ оид ба озмун шинос намуда, доир ба ҷараёни даври сеюми озмун маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз ду даври озмун ҷамъбаст гардида, 17 нафар довталабон ба даври сеюми умумидонишгоҳии озмун роҳ ёфтанд. Бо мақсади ҷамъбасти даври сеюми озмун гуруҳи корӣ дар ҳайати 18 нафар аз ҳисоби устодони соҳибтаҷриба таъсис дода шуда, даври сеюми озмуни “Муаллими сол - 2024” дар сатҳи донишгоҳ аз санаи 24-уми апрел то 21 –уми май идома хоҳад ёфт.

Ба иштирокчиён бастаи ҳуҷҷатҳо - низомномаи озмун, фармоиши ректори донишгоҳ оид ба гузаронидани озмун, ҷадвали дарсҳои намунавӣ, варақаи баҳодиҳӣ дастрас гардид.

Ҳамзамон, як қатор устодон доир ба тартиб ва ҷараёни озмун андешаҳои худро иброз намуданд.

Дар назар аст, ки ғолибони озмун дар арафаи “Рӯзи омӯзгор” бо ҷоиза ва мукофоти раёсати донишгоҳ қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ