​Ақрабони ҳамзоти бӯқаламун!

Ҷараёни таҳаввулоти мавҷудоти зинда дарсайёраи сабзпӯши Замин вобаста ба давраҳои таърихӣ бо мақсаду мароми худ пеш меравад. Организмҳои зинда тавассути таҳаввулот ба зиндагии давраи ҳаётӣ мутобиқ мегарданду баҳри ҳифзи популятсияи худ такомул меёбанд. Аммо, зери таъсири омилҳои табииву антропогенӣ баъзе аз организмҳоосебпазир гардида, дар худ хусусиятҳои ирсиро тағйир дода дучори мутатсия (тағйирёбии ирсӣ) мешаванд, ки ҳамчун ҳодисаи нохуши табиӣ маънидод мегардад.

Зуҳуроти аломатҳои морфологии барои зоту авлод ғайриоддӣ нишонаи аёни мутатсия мебошад, ки ҳатто дар популятсияи инсонӣ ба мушоҳида мерасад. Масалан, пайдошавии аломатҳои хоиниву ватанфурӯшӣ, ки хоси ҷомеаи инсонӣ намебошад, дар амалҳои тӯдаинаҳзатиёни палид ба чашм мерасад. Гӯё ин тоифаи муртад дар натиҷаи бордоршавии бӯқаламун бо ақраб пайдо шуда бошанд? Зеро, хосияти бадзаҳрӣ доранду рангу рафтор бо тезӣ тағйир медиҳанд. Ин хусусиятҳои наҳзатиёни ифротгаро дар ҳаво сохтани санги маломат ба макони аслиашон, заҳрпошиву бӯҳтонбофии заҳромезашон, ивази ном кардани ташкилотҳои худсохт ва ғайразоҳир мегардад. Эҳтимол меравад, ки ин тоифа намуди нави организмҳои мутатсияшудамебошад, ки ҳолатҳои бадтарини ақрабу бӯқаламунро дар худ нигоштааст. Вагарна, то ҳанӯз илми табиатшиносӣ чунин зоти махлуқотро кашф накардааст, ки ҳамрангу ҳамзоти бӯқаламуну ақраб бошад.

Наҳзатиёни ифротгаро бо сардории Муҳиддин Кабирии фосиқ ва тӯдаи чоплусони бадандеш чун ақраби заҳрдум ҳамеша дар орзуи нешзанӣ ба мардуми шарифи сарзамини зодаи худ мебошанд. Рӯзе намегузарад, ки наҳзатиёни худозада ҳангомае набофанд ё хӯрдагирӣ аз амалҳои давлатдорони Тоҷикистон накунанд. Ҳатто, чун бӯқаламун печутоби рангҳояшон дигаргун карда меистанду суханпардозиашонро ҳамранги ақрабонаи фармоишҳои хоҷагони хориҷӣ месозанд. Аҷоиботи кор дар он аст, ки бештар рангҳои тирукамонӣ кор мефармоянд, ки шабеҳияти онҳоро бо ЛГБТ – чиёни Аврупо ифода менамояд. Шояд, ҳақиқатан ҳам моили тирукамониҳо шуда бошанд?! Вале, на ақрабу на бӯқаламун дар зоти алоҳидаи худ чунин хислат надоранд, яъне ҳамҷинсгароӣ хоси онҳо нест ва фақат инсонҳои фосиқу мунофиқ дар ин амаланд.

Матбуоти даврӣ, садову симо, шабакаҳои иҷтимоӣ маъхазҳои таърихӣ тӯли даврони соҳибистиқлолӣ тамоми палидиву касофатҳои наҳзатиёни тундгарои хоинро ба ҷаҳониён рӯё кардаасту дигар ҳоҷат ба такрор нест. Танҳо ҳайратангез аст, ки нафарони наҳзатии нафъе ба мардум нарасонида ва фақат харобиҳо оварда чӣ тавр метавонанд ба амалҳои хирадмандонаи роҳбарияти олии Тоҷикистон хӯрдагирӣ намоянд? Аз афташ, бо баробари тағйири самти зиндагӣ ба сӯи ҳамҷинсгароӣ тамоми функсияҳои организмашон тағйир ёфтаву ғайр аз нешзанӣ дигар ҳунар надоранд?! Алалхусус, баромадҳои онон дар шабакаҳои иҷтимоӣ саропо аблаҳонаву муғризона мебошад, ки гӯшхарошии онҳо маълуму машҳур гаштааст. Дар вуҷуду тинати нопокони наҳзатӣ заҳри ақраб бо рангомезии бӯқаламун омехта гаштаасту боиси пайдоиши заҳри рангоранг шудааст, ки шабеҳи симои манфуруаблаҳонаи наҳзатиёни ифротӣ мебошад.

Он чӣ, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест! Дар хотимаи андешаҳои хусусӣ олимони соҳаи табиатшиносӣ ва ҳам мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлоламонро ҳушдор медиҳам, ки бо сабру таҳаммул бошанд. Зеро, организмҳои дучори мутатсиядошта беш аз як насл умри дигар надоранд. Бинобар ин, яқин аст, ки умри наҳзатиёни ифротгаро хеле кам мондаву боқӣ ҷаҳон аз онон пок хоҳад гашт. Аз ин рӯ, сарҷамъу якдил нерӯи тавонои худ равона намудан ба созандагиву бунёдкорӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Собиров М.С. – дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ